Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 21 сентябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлолияти Туркманистон: уфуқҳои нави дӯстии туркманҳову тоҷикон ва шарикии амиқи стратегӣ» баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносони ватанӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар ва намояндагони ниҳодҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоишро Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Б. Гочмурадов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи миёни Тоҷикистону Туркманистон бар пояи эҳтироми мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, дар солҳои истиқлолият ба сатҳи нави ҳамкории байнидавлатӣ расидаанд.

Дар идомаи конфронс масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар солҳои истиқлолият, дурнамои таҳкими ҳамкориҳо дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, иштирокчиён ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, густариши робитаҳои нақлиётӣ ва таҳкими пайвастагии минтақавӣ таваҷҷуҳ намуда, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишварро баррасӣ карданд.

Баргузории конфронс дар Душанбе дар соли ҷашни 35-солагии истиқлолияти Туркманистон нияти ҷонибҳоро барои амиқтар кардани шарикии стратегӣ, таҳкими риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ва саҳми муштарак дар субот ва рушди минтақаи Осиёи Марказӣ инъикос менамояд.
Акс: «Садои Душанбе»
