Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобии бо иқтидори 250 МВт-ро ба истифода дод - ИА Караван Инфо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобии бо иқтидори 250 МВт-ро ба истифода дод

Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф овард. Дар шаҳраки Шайдон Сарвари давлат неругоҳи офтобии бо иқтидори 250 мегаваттро ба истифода дод.

Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён энерҷӣ» оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ пурра анҷом ёфт. Неругоҳ дар масоҳати 793 гектар бунёд шудааст.

Сохтмони чунин объекти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт яке аз ташаббусҳои муҳим ҷиҳати рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Тоҷикистон имкониятҳои назаррас барои истифодаи энергияи офтобӣ дорад ва татбиқи лоиҳаҳои нав ба афзоиши иқтидорҳои тавлидкунанда ва таҳкими пояи энергетикии кишвар мусоидат мекунад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ бо суръати баланд ташкил карда шуданд. Сохтмони хати ҳавоии дузанҷираи интиқоли барқи шиддати 220 киловолт бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳ то зеристгоҳи «Ашт» шиддати 220/110/6 киловолт анҷом ёфт. Дар масири хат 36 поя насб гардид, ки пояи заруриро барои интиқоли неруи барқи тавлидшаванда ба системаи ягонаи энергетикии кишвар фароҳам овард.

Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом дода шуданд. Дар раванди сохтмон зиёда аз 500 нафар сохтмончӣ аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб гардиданд. Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳ ба 250 мегаватти лоиҳавӣ расонида мешавад.

Пас аз пурра ба истифода додани иқтидори лоиҳавӣ неругоҳ метавонад яке аз объектҳои муҳими тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар кишвар гардад. Бо ба истифода додани объект 40 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Неругоҳи офтобии Ашт манбаи тавлиди неруи барқро дар вилояти Суғд 61 фоиз афзоиш дод ва 40 фоизи эҳтиёҷоти вилоятро ба неруи барқ таъмин хоҳад кард. Азбаски қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар ба масофаи зиёд интиқол дода мешавад, оғози фаъолияти неругоҳ инчунин имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ коҳиш ёбад.

Сарвари давлат супориш дод, ки соли 2027 дар вилояти Суғд иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори умумии 700 мегаватт бунёд ва ба истифода дода шаванд. Ҷиҳати таҳкими кори системаи энергетикии вилоят Пешвои миллат тавсия дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин дар вилояти Суғд захиракунандаҳои неруи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт-соат ба истифода дода шаванд.

Ба истифода додани неругоҳи офтобии Ашт қадами навбатии амалӣ дар рушди энергетикаи барқароршаванда, баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии Тоҷикистон мебошад.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон