Мулоқоти муовини ВКХ-и Қазоқистон бо Сафири Фаластин дар Остона баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Мулоқоти муовини ВКХ-и Қазоқистон бо Сафири Фаластин дар Остона баргузор шуд

Остона, 12 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Исагалиев бо Сафири Давлати Фаластин, дуайёни корпуси дипломатӣ Монтасер Абу Зайд мулоқот намуд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дипломатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Қазоқистон ва Фаластинро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн диққат доданд.

Ҳамчунин Исагалиев ва Абу Зайд оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Шарқи Наздик мубодилаи афкор намуданд. Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо нияти нигоҳ доштани муколамаи мунтазамро барои пешбурди ташаббусҳои муштарак тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ