Дар Қазоқистон барои рушди лоиҳаҳои карбонӣ дар доираи созишномаи Париж шароит фароҳам оварда мешавад - ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон барои рушди лоиҳаҳои карбонӣ дар доираи созишномаи Париж шароит фароҳам оварда мешавад

Остона, 14 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Остона чорабинии дурӯза бахшида ба рушди лоиҳаҳои карбон дар Қазоқистон ва ҷалби маблағгузории иқлим баргузор шуд. Ташкилкунандагони мулоқот Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон буданд.

Дар доираи форум ба намояндагони мақомоти давлатӣ, тиҷорати байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва ҷомеаи коршиносон механизмҳои нави иштироки Қазоқистон дар бозори байналмилалии карбон тибқи моддаи 6 созишномаи Париж муаррифӣ намуда шуданд. Диққати иштирокчиён ба қоидаҳои иҷозатдиҳии давлатии лоиҳаҳо, мониторинг, санҷиши мустақил ва механизмҳои интиқоли байналмилалии натиҷаҳои коҳиши партовҳо равона намуда шуд. Асоси муҳими ҳуқуқӣ барои ин қабули ислоҳот ба кодекси Экологии ҶҚ дар 8 июли соли 2026 буд.

Вазири экология ва захираҳои табиии ҶҚ Ерлан Нисанбаев таъкид намуд, ки иштирок дар воситаҳои бозории созишномаи Париж имкон медиҳад, ки сармоягузории мустақими назаррас ба ташаббусҳои экологӣ ҷалб намуда шавад ва расидан ба ҳадафҳои миллии иқлимро суръат бахшад.

Иштирокчиёни форум таҷрибаи байналмилалӣ ва инчунин лоиҳаҳои аз ҷониби БРСММ бо дастгирии фонди глобалии экологии ГЭФ татбиқшавандаро омӯхтанд. Илова бар ин, қитъаҳои эҳтимолии ҷангал барои лоиҳаҳои иқлимӣ пешниҳод намуда шуданд ва барои нишон додани натиҷаҳои амалии парвариши ҷангал ва азхудкунии карбон ба иншоотҳои “Камарбанди Сабзи Остона” сафар ташкил намуда шуд

Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ