Намoяндагони Тоҷикистон таҷрибаи Ҷопонро дар соҳаи дастгирии соҳибкории хурду миёна омӯхтанд - ИА Караван Инфо
Намoяндагони Тоҷикистон таҷрибаи Ҷопонро дар соҳаи дастгирии соҳибкории хурду миёна омӯхтанд

Душанбе, 21 август, – АИ «Корвон Иттилоот».  18 август дар доираи сафари омӯзишию шиносоӣ ба Ҷопон намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон» аз Созмони дастгирии соҳибкории хурду миёна ва навовариҳои минтақавии Ҷопон (SMRJ) боздид намуданд.

Зимни мулоқот иштирокчиён бо низоми ҷопонии дастгирии соҳибкории хурду миёна, фаъолияти бизнес-инкубаторҳо ва акселераторҳо, барномаҳои машваратию омӯзишӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва абзорҳои рақамии дастгирии соҳибкорон шинос шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба таҷрибаи SMRJ дар самти бизнес-инкубатсия, фаъолияти менеҷерон ва коршиносон, ҳамроҳсозии соҳибкорон дар марҳилаҳои гуногуни рушди тиҷорат ва тавсеаи робитаҳои кории онҳо зоҳир гардид.

Ба гуфтаи иштирокчиён, таҷрибаи Ҷопон дар соҳаи дастгирии соҳибкории хурду миёна метавонад барои такмили механизмҳои рушди соҳибкорӣ ва муҳити инноватсионӣ дар Тоҷикистон аҳамияти амалӣ дошта бошад. Махсусан, истифодаи моделҳои муосири бизнес-инкубатсия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои машваратӣ ва рушди малакаҳои касбии мутахассисон аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки метавонанд дар шароити Тоҷикистон татбиқ шаванд.

Ҷонибҳо инчунин имкониятҳои мутобиқсозии таҷрибаи пешқадами Ҷопон ба шароити Тоҷикистон, такмили хизматрасониҳои бизнес-инкубатсионӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадриро баррасӣ намуданд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки рушди низоми дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз омилҳои муҳими диверсификатсияи иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши фаъолияти инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи кишварҳое, ки дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, метавонад барои таҳияи механизмҳои нави дастгирии соҳибкорон мусоидат намояд.

Сафари омӯзишӣ ба табодули таҷриба, густариши робитаҳои касбӣ ва муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкориҳои минбаъда байни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Ҷопон мусоидат кард.

Акс: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон