Душанбе, 08 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Пекин вохӯрии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар доираи формати «Чин + Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Меҳвари асосии мулоқот таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосири фаромиллӣ буд.

Вохӯрӣ дар бинои Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда, дар он намояндагони роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол намояндагӣ карда, дар ҷаласа суханронӣ намуд.
Дар маркази мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои иштирокдор дар шароити пайдоиши шаклҳо ва усулҳои нави ҷинояткорӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати рушди ҳамкории амалӣ барои пешгирии саривақтии таҳдидҳое, ки аз ҳудуди як кишвар берун мераванд, таъкид намуданд.

Иштирокчиён доир ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин пешгирӣ ва мубориза бо киберҷиноятҳо табодули назар карданд.
Яке аз самтҳои муҳими мулоқотро тавсеаи мубодилаи таҷриба ва иттилоот байни мақомоти дахлдори кишварҳо ташкил дод. Дар шароити рақамикунонии фаъолияти ҷинояткорона ва густариши роҳҳои фаромарзии фаъолияти ғайриқонунӣ самаранокии мубориза бо чунин таҳдидҳо бештар ба суръати мубодилаи маълумот ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста мегардад.
Барои Тоҷикистон иштирок дар чунин механизмҳои ҳамкорӣ аҳаммияти хос дорад, зеро муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ ва механизмҳои минтақавии таъмини амниятро тақозо мекунад. Ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва Чин барои ташаккули муносибатҳои ҳамоҳангшуда дар самти пешгирии ҷиноятҳо, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва ҳамкории касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ замина фароҳам меорад.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ дар самти таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, ҳавасмандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон дод.
Акс: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
