Душанбе, 08 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Лоиҳаи байналмилалии маърифатии «Диктанти атомӣ — 2026» ҷуғрофияи худро васеъ намуда, сокинони Тоҷикистонро низ ба иштирок даъват мекунад.

Аз 28 август то 28 сентябр хонандагони мактабҳо, донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, кормандони корхонаҳо ва ҳамаи шахсоне, ки ба илм, технологияҳои атомӣ ва дастовардҳои муосир таваҷҷуҳ доранд, метавонанд дониши худро дар шакли онлайн ё дар яке аз майдонҳои сабтиномшуда бисанҷанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии лоиҳа дар он аст, ки он муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро ба ҳам муттаҳид мекунад. Мактабҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ метавонанд ҳамчун майдонҳои ҳузурии «Диктанти атомӣ» сабтином шаванд. Пас аз бақайдгирӣ ба ташкилкунандагон маводи зарурии иттилоотӣ ва методӣ барои омодагӣ ва баргузории чорабинӣ пешниҳод мегардад.
Барои иштироки инфиродӣ ҳар як хоҳишманд метавонад тавассути кабинети шахсӣ дар сомонаи расмии лоиҳа ба «Диктанти атомӣ» ҳамроҳ шавад. Ин имкон медиҳад, ки иштирокчиён новобаста аз маҳалли зист ва шакли иштирок ба ташаббуси байналмилалии маърифатӣ пайванданд.
Дар соли 2026 шумораи майдонҳои лоиҳа аз 500 адад зиёд хоҳад шуд. Ҳамзамон, ҳузури байналмилалии «Диктанти атомӣ» густариш меёбад. Имсол майдонҳо дар Арманистон, Бангладеш, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон ба лоиҳа ҳамроҳ шудаанд. Солҳои қаблӣ чорабиниҳои ҳузурӣ дар Беларус, Венгрия ва Туркия низ баргузор гардида буданд.
Қисме аз супоришҳои диктант тибқи анъана дар шакли видео пешниҳод шуда, ба иштирокчиён намояндагони соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва саноати атомӣ саволҳо пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, лоиҳа на танҳо воситаи санҷиши дониш, балки яке аз шаклҳои тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ низ ба ҳисоб меравад.
«Диктанти атомӣ» аз соли 2021 бо ташаббуси Иттиҳоди «Шаҳрҳои атомӣ» ва бо дастгирии Корпоратсияи давлатии «Росатом» баргузор мешавад. Дар давоми татбиқи лоиҳа дар он беш аз 250 ҳазор нафар иштирок карда, зиёда аз 300 чорабинии ҳузурӣ баргузор шудааст.
Барои Тоҷикистон иштирок дар чунин ташаббуси байналмилалӣ имкони иловагии ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илм, технология ва самтҳои муосири соҳаи атомӣ мебошад.
Акс: Хонаи русӣ дар Душанбе
