Остона, 08 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Сайёҳ ва блогери рус Никита Кузнетсов масири пиёдагарди бисёрҳазорададаро аз Қазон ба Алмаато ба анҷом расонид. Вай 9 май ба сафар баромада, сафарро ба сулҳ ва дӯстии халқҳо бахшид. Дар давоми 122 рӯз ӯ ҳазорҳо километрро аз Қазоқистон тай кард.

Алмаато нуқтаи муҳими хатсайри ӯ гардид. Сайёҳ ният дорад, ки роҳи худро дар Осиёи Марказӣ идома диҳад ва арзиши асосии экспедитсияро вохӯрӣ бо одамон, меҳмоннавозии онҳо ва имконияти дидани кишварҳо аз дарун меномад.
«Ман боварӣ дорам, ки ҳамаи мо бародару хоҳарем ва мехрубонӣ ва меҳру муҳаббат дар ҷаҳон назар ба он, ки ба назари мо чунин менамояд, хеле зиёд аст, гуфт Никита Кузнетсов натиҷаҳои сафари Қазоқистонро ҷамъбаст карда.

Хабарнигорони АИ «Караван инфо» аллакай моҳи июли соли ҷорӣ дар Остона бо Никита Кузнетсов мулоқот карда буданд. Баъд сайёх ба агентии мо мусоҳиба дода, дар бораи маршрути худ, вохуриҳо бо қазоқхо ва ақидаии “Марш ба номи сулху дустии халкхо” сухан ронд.
Акс: АИ Караван Инфо
