Ҳунармандони ҷавони сирки Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд» сазовори ҷойи сеюм шуданд - ИА Караван Инфо
Ҳунармандони ҷавони сирки Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд» сазовори ҷойи сеюм шуданд

Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 10 то 13 сентябри соли 2026 дар Сирки Никулин дар хиёбони Цветной шаҳри Маскав Фестивали чоруми байналмилалии «Ҳунарманд» баргузор гардид.

Тарбиятгирандагони студияи сирки назди Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» Самина Рашидбекова ва Омина Салимзода таҳти роҳбарии мураббӣ Мастона Собирова дар номинатсияи гимнастикаи ҳавоӣ дар лангар (якор) ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ҳунармандони ҷавон барномаи гимнастикаи ҳавоиро пешниҳод карда, маҳорати баланди касбиро нишон доданд. Баромади онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон қадр карда шуд, ки ин дастоварди муҳими мактаби сирки тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ин муваффақияти иҷрокунандагони ҷавон рушди пайвастаи маҳорати касбии насли наврасро инъикос намуда, муаррифгари шоистаи санъати сирки Тоҷикистон аст. Иштирок дар фестивали бонуфузи Маскав ҳамчунин робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Русияро таҳким бахшида, ба мубодилаи таҷриба ва таблиғи анъанаҳои эҷодии миллӣ мусоидат мекунад.

Акс: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон