Намояндаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе бо маърӯза оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар баромад кард - ИА Караван Инфо
Намояндаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе бо маърӯза оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар баромад кард

Душанбе, 18 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 16 сентябри соли 2026 директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Б.Ф. Файзализода дар ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод бо маърӯза баромад намуд. Чорабинӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маърӯзаи Б.Ф. Файзализода таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод: ташаббуси Тоҷикистон ва аҳамияти ҷаҳонии он» саҳми шахсии ӯро дар дарки амиқ ва таҳлили чолишҳои глобалии технологӣ нишон дод. Ҳамзамон он бозгӯи он гардид, ки филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе худро ҳамчун платформаи муҳими илмӣ ва зеҳнӣ барои дастгирии маъноӣ ва таҳлилии ташаббусҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Чорабинӣ собит сохт, ки Тоҷикистон на танҳо ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, балки дар дохили кишвар низ муҳити мусоиди зеҳнӣ ва илмӣ фароҳам меорад. Ин муҳит қодир аст чунин ташаббусҳоро амиқ дарк, таҳлил ва такмил дода, муҳтавои онҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонад.

Иштироки намояндаи донишгоҳи пешрафтаи русӣ дар муҳокимаи рӯзномаи глобалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамкории илмӣ-таълимии байни Тоҷикистон ва Русияро таҳким бахшида, ба ташаккули равиши умумӣ ба масъалаҳои рушди бехатар ва масъулиятноки технологияҳои пешрафта мусоидат мекунад.

Акс: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон