Душанбе, 19 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол — 2026» баргузор гардид.

Озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор шуда, 2226 табибро аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба ҳам овард ва 35 самти асосии фаъолияти тиббиро фаро гирифт.
Дар маросим вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода ва Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони сохторҳои зертобеъ, шарикони рушд, ташаббускорони озмун ва ғолибони он иштирок намуданд.
Пеш аз оғози маросими тантанавӣ роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз намоишгоҳи ширкатҳои фарматсевтӣ ва дастовардҳои табибони кишвар, ки дар ошёнаи якуми вазорат ташкил шуда буд, боздид карданд. Сипас маросими ҷамъбастии озмун дар маҷлисгоҳи вазорат идома ёфт.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар баробари дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа пайваста рушд карда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.

Ба гуфтаи вазир, пешрафти соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, малака ва таҷрибаи мутахассисони он вобаста мебошад. Аз ин рӯ, рушди захираҳои кадрӣ, такмили донишу малакаи касбии кормандон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати соҳа ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ яке аз омилҳои муҳими рушди касбии онҳо, баланд бардоштани масъулият ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Бо дарназардошти ҳамин ҳадафҳо ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол — 2026»-ро эълон кард. Озмун аз 30 апрел то 31 июли соли 2026 баргузор гардид.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани мақоми касбии табибон, тақвияти ҳавасмандии онҳо барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, муаррифии дастовардҳои мутахассисони соҳа ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустӣ буд.
Дар муҳлати муайяншуда дар платформаи рақамии озмун 2226 табиб аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба қайд гирифта шуданд.
Озмун аз рӯи 35 номинатсия баргузор гардида, самтҳои гуногуни фаъолияти тиббиро — аз ихтисосҳои терапевтӣ ва клиникӣ то ҷарроҳӣ, ташхис, озмоишгоҳ ва дигар соҳаҳои тиб — дар бар гирифт.

Ҳамзамон, барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар самти пешгирии ВНМО ва бемории сил фаъолият мекунанд, низ имкони иштирок дар озмун пешбинӣ шуда буд.
Тибқи низоми озмун, дар натиҷа ғолибон аз рӯи 31 номинатсия муайян гардиданд. Интихоби ғолибонро Комиссияи экспертии ҳайати ҳакамон анҷом дод, ки ба ҳайати он намояндагони роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутахассисон ва сармутахассисони соҳа шомил буданд.
Ҳангоми муайян намудани ғолибон сатҳи касбият, таҷрибаи корӣ, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатии номзадҳо ба инобат гирифта шуд. Ғолибони ҳар як номинатсия бо диплом ва 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Нахустин Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол» ба табибони кишвар имкон дод, ки маҳорати касбӣ, таҷриба ва дастовардҳои худро дар назди ҳамкасбон ва ҷомеа муаррифӣ намоянд.

Баргузории чунин озмунҳо метавонад ба таҳкими рӯҳияи касбӣ, ҳавасмандии мутахассисон ва ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат кунад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
