Петроглифҳои Помир ва ёдгориҳои палеолити Ховалинг ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид шуданд - ИА Караван Инфо
Петроглифҳои Помир ва ёдгориҳои палеолити Ховалинг ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид шуданд

Душанбе, 19 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Петроглифҳои панҷ ёдгории воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мавзеъҳои қадимаи таърихию табиии Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба Рӯйхати муқаддамотии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд.

Ворид гардидани ин ёдгориҳо ба рӯйхат доираи мероси бостоншиносии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ васеъ намуда, барои идомаи корҳои илмӣ, ҳифз ва омода намудани номинатсияҳои эҳтимолии минбаъда замина фароҳам меорад.

Ба гурӯҳи ёдгориҳои санъати рӯисангӣ петроглифҳои Лангар, Даршайр, Шахта, Найзатош ва Бахмалҷилға дохил мешаванд, ки дар минтақаҳои баландкӯҳи Помир ҷойгир мебошанд.

Тибқи маълумоти Маркази ҷаҳонии мероси ЮНЕСКО, ин панҷ маҷмуа, ки аз лиҳози ҷойгиршавӣ аз ҳам ҷудо буда, аз ҷиҳати фарҳангӣ бо ҳам иртибот доранд, анъанаи тӯлонии санъати рӯисангиро инъикос мекунанд ва давраҳои гуногуни таърихиро фаро мегиранд. Дар рӯйи сангҳо тасвирҳои ҳайвоноти кӯҳӣ, саҳнаҳои шикор, симоҳои одаммонанд, нақшҳои геометрӣ ва рамзҳои гуногун ҳифз шудаанд.

Арзиши хоси ин ёдгориҳо дар он аст, ки онҳо имкон медиҳанд раванди ташаккули тасаввуроти инсон ва анъанаҳои ҳунарии ҷомеаҳои қадим дар муҳити мураккаби баландкӯҳӣ мавриди омӯзиш қарор гирад.

Тибқи арзёбии ЮНЕСКО, тасвирҳо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла кӯфтан, кандакорӣ ва харошидан рӯйи сангҳо офарида шудаанд. Аз нигоҳи хронологӣ онҳо ба чандин давраи таърихӣ, аз ҷумла мезолит, неолит, асри биринҷӣ, асри оҳан ва асрҳои миёна мансуб дониста мешаванд.

АКС: Намуди умумии тӯлонии баромадгоҳи соҳили рости дарёи Оби-Мазор. Акс: Реҷеп Қурбонов.

Гурӯҳи дуюми ёдгориҳо Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоро дар ноҳияи Ховалинг дар бар мегирад. Ин мавзеъҳои бостоншиносӣ пеш аз ҳама бо марҳилаҳои нахустини таърихи инсоният дар Осиёи Марказӣ иртибот доранд.

Дар байни онҳо Кӯлдара аҳамияти махсус дорад, зеро дар он қабатҳои фарҳангии марбут ба палеолити поёнӣ ва миёна ва шумораи зиёди олоти сангӣ ошкор шудаанд. Ин бозёфтҳо аз давраҳои ибтидоии сукунати инсон ва мутобиқшавии ӯ ба муҳити кӯҳию нимбиёбонии минтақа шаҳодат медиҳанд.

Тибқи пойгоҳи расмии ЮНЕСКО, ҳар ду гурӯҳи ёдгориҳо 19 июни соли 2026 ба Рӯйхати муқаддамотии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар айни ҳол дар Рӯйхати муқаддамотии миллии Тоҷикистон 18 объект қарор дорад, ки дар баробари ёдгориҳои нав пешниҳодшуда, кӯҳҳои Фон, мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои марбут ба шаҳрҳои таърихӣ ва роҳҳои қадимаи Абрешимро низ дар бар мегирад.

Рӯйхати муқаддамотӣ марҳилаи муҳими омодасозии объектҳо барои эҳтимоли ворид шудан ба Рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад. Ҷой додани объект дар ин рӯйхат имкон медиҳад арзиши он дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои илмӣ, муайян кардани ҳудудҳо, таҳкими низоми ҳифз ва омода намудани маводи зарурии номинатсионӣ корҳои минбаъда анҷом дода шаванд.

Барои Тоҷикистон ин раванд на танҳо аз нигоҳи муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ, балки ҳамчун воситаи таҳқиқи низомманди ёдгориҳои бостоншиносӣ низ аҳамият дорад. Петроглифҳои Помир ва мавзеъҳои палеолити Ховалинг ба омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи минтақа аз паҳлуҳои гуногун — рушди санъат, фаъолияти хоҷагидорӣ, ҳаракати гурӯҳҳои инсонӣ ва роҳҳои мутобиқшавии онҳо ба шароити табиӣ — имконият фароҳам меоранд.

Ҳамин тавр, ворид гардидани ин ёдгориҳо ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО марҳилаи нави муаррифии мероси бойи таърихию бостоншиносии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буда, ҳамзамон масъулияти омӯзиши илмӣ, ҳифз ва нигоҳдории онҳоро бештар менамояд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон