Хуҷанд, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи бинои нави мактаби таҳсилоти умумии № 26 «Нури Раҳмон» иштирок намуд.

Объекти муосири таълимӣ дар чорчӯбаи сиёсати маорифии Ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва истифодаи ҳаллҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.
Мактаби чорқабата аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст. Он барои 4 ҳазор нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз ёфта, дар давоми як сол бо сифати баланд анҷом дода шуданд.
Дар мактаби нав 73 синфхона мавҷуд аст, ки аз онҳо 15-тоаш кабинетҳои махсус буда, бо воситаҳои аёнӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Аз ҷумла — кабинетҳои химия, биология, физика, ҷуғрофия, риёзӣ, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълими технологияҳо барои писарон ва духтарон, инчунин тайёрии ибтидоии ҳарбӣ. Дар муассиса шароити хуб барои рушди зеҳнии кӯдакон, азхудкунии донишҳои муосир ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҷолиб фароҳам оварда шудааст.

Мактаб дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, кабинетҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлисӣ бо 300 ҷой мебошад. Раванди таълим бо ёрии камераҳои назорати видеоӣ назорат карда мешавад. Дар муассиса 38 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.
Дар бинои нав Осорхонаи Пешвои миллат эҷод гардидааст, ки дар он аксҳои инъикоскунандаи 5 давраи ҳаёт ва фаъолияти Сарвари давлат ҷамъоварӣ шудаанд. Мавҷудияти чунин осорхона дар мактаб ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар наврасону ҷавонон ва эҳтиром ба кӯшишҳои пайвастаи Президенти кишвар ҷиҳати рушд, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони мустақил мусоидат хоҳад кард.

Толори варзишии фарох ва хуб муҷаҳҳаз барои машғулиятҳо ва тамринҳо оид ба футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот пешбинӣ шудааст. Он ба таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзишӣ имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро бо фоида гузаронанд ва ба варзиш машғул шаванд.
Президенти кишвар бо шинос шудан бо шароити фароҳамовардашуда сифати корҳои сохтмониро баланд арзёбӣ карда, ба омӯзгорон супоришҳо ва тавсияҳо оид ба истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу қобилиятнок дод.

Таъкид гардид, ки ҳангоми эҷоди шароити мусоид барои таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар сифати таҳсил ва дониш бояд дар ҷойи аввал қарор дода шавад. Тавре Сарвари давлат таъкид намуд, имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадамҳои пеш гузоштан ғайриимкон аст.
Ифтитоҳи мактаби муосири № 26 «Нури Раҳмон» дар Хуҷанд қадами навбатии амалӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва эҷоди шароити шоиста барои таҳсили насли наврас мебошад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
