Концерти пианисти фаронсавӣ Иван Шамс Навоӣ ба рӯйдоди барҷастаи ҳаёти фарҳангии Душанбе табдил ёфт - ИА Караван Инфо
Концерти пианисти фаронсавӣ Иван Шамс Навоӣ ба рӯйдоди барҷастаи ҳаёти фарҳангии Душанбе табдил ёфт

Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Консерти пианисти маъруф аз Фаронса Иван Шамс Навоӣ ба яке аз рӯйдодҳои барҷастаи ҳаёти фарҳангии Душанбе табдил ёфта, дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин шоми пурмуҳтаво барои ҳаводорони ҳунари воло туҳфаи фарҳангии Театр ва Маркази фарҳангии «Бохтар» («Бактрия») гардид.

Дар миёни меҳмонони фахрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Йохан Шиттерер ҳузур дошт. Иштироки ӯ мақоми махсуси ин чорабинӣ ва сатҳи баланди робитаҳои фарҳангии миёни ду кишварро инъикос намуд.

Директори театр Камолиддин Сайфиддинзода ба ҳозирин сухани ифтитоҳӣ гуфта, таъкид намуд, ки баргузории лоиҳаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва рушди босуръати санъати театрӣ имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандона, созанда ва сулҳҷӯёнаи дарҳои боз, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайгирона амалӣ менамояд, имконпазир гардидааст.

Дар барномаи консерт асарҳои Ф. Шопен, Ф. Шуберт, Ҷ. Маруфӣ, Ф. Лист, Р. Шуман, О. Фулодванд ва инчунин асарҳои эҷоднамудаи худи Маэстро садо доданд. Қуллаи барномаи шом иҷрои вокалӣ-инструменталии сурудҳои тоҷикӣ — «Ману дарё»-и Ф. Один (шеъри Л. Шералӣ) ва «Чаки-чаки борон»-и Д. Назаров буд, ки аз ҷониби тамошобинон бо кафкӯбиҳои тӯлонӣ ва пурмавҷ истиқбол гардид.

Ин консерт оғози ҷолибе барои рӯйдодҳои муҳими мавсими навбатии театрӣ гардид. 3 октябр соати 18:00 театр саҳифаи 89-уми таърихи эҷодии худро бо шоҳасари классикаи ҷаҳонӣ — операи «Травиата»-и Ҷузеппе Верди — ба таври тантанавӣ оғоз мекунад.

Консерти пианисти фаронсавӣ аҳамияти табодули фарҳангиро бори дигар нишон дода, ба таҳкими анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи ҳунар мусоидат намуд.

Акс: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ