Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи 70-умин ҷаласаи Конфронси генералии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), ки аз 14 то 18 сентябр дар Вена (Ҷумҳурии Австрия) баргузор гардид, чорабинии махсуси Тоҷикистон таҳти унвони «Барқарорсозии иншооти мероси уранӣ дар Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва афзалиятҳо» баргузор шуд.

Дар ин бора Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Дар чорабинӣ намояндагони Тоҷикистон, Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, Комиссияи Аврупо, Федератсияи Русия, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносони техникӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода қайд кард, ки дар Тоҷикистон системаи мукаммал ва мураттаб ташаккул ёфтааст, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозатдиҳӣ ва санҷишӣ, мониторинги радиатсионӣ, инчунин назорати минбаъдаи минтақаҳои барқароршударо фаро мегирад.
Дар чорабинӣ мубодилаи афкор оид ба такмили мониторинг пас аз барқарорсозӣ, идоракунии равандҳои обӣ ва дигар роҳҳои паҳншавии моддаҳои ифлос, назорат аз болои чанг ва радон, таҳкими пойгоҳи лабораторӣ ва омодасозии минбаъдаи мутахассисони миллӣ сурат гирифт.
Баргузории чорабинии махсуси Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷашнии Конфронси генералии МАГАТЭ мавқеи фаъоли кишварро дар ҳалли масъалаҳои реабилитатсияи экологии объектҳои мероси уранӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ тасдиқ менамояд.
Акс: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
