Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот».1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муваффақият орзу намуд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар солҳои гузашта Шӯро худро ҳамчун минбари соҳавии ҳамкории байнидавлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ нишон додааст.
Сарвари давлат нақши Шӯроро ҳамчун механизми муҳими ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ муҳим арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, ин сохторҳо дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва таҳкими субот дар ҷомеа нақши калидӣ доранд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир тақвияти минбаъдаи чораҳои амниятӣ ва густариши ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунанд.
Дар ин замина, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви ИДМ барои муборизаи муассир бо ҷинояткорӣ, бахусус шаклҳои фаромиллӣ ва муташаккили он, муҳим арзёбӣ гардид.
Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, харидуфурӯши одамон ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои дахлдор номида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба рушди босуръати ҷинояткории киберӣ, истифодаи технологияҳои нави коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба таъкиди ӯ, истифодаи чунин имкониятҳо дар паҳн намудани ғояҳои радикалӣ нигаронии хосро ба миён меорад.
Дар ин робита зарурати баланд бардоштани суръати мубодилаи иттилоот ва таъмини вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои фаромиллӣ таъкид гардид.
Зимни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
