Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». 1 октябри соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Меморандуми ҳамкорӣ миёни КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди баргузор гардид.

Ҳадафи асосии санад ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судманд дар самти рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, рушди инноватсия ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи аграрӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Тибқи муқаррароти Меморандум, ҷонибҳо барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд. Аз ҷумла, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии пойгоҳи заминии қабули маълумоти моҳворавӣ ва Маркази коркарди додаҳо дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Ин инфрасохтор барои қабул ва коркарди маълумоти моҳвораҳои радарӣ (SAR) ва истифодаи имкониятҳои зондкунии фосилавии кайҳонӣ дар мониторинги заминҳои кишоварзӣ ва захираҳои об равона хоҳад шуд.
Ҳамзамон, истифодаи агродронҳо барои ҳифзи наботот ва мониторинги киштзорҳо, татбиқи усулҳои кишоварзии дақиқ, инчунин лоиҳакашӣ, сохтмон ва идоракунии гармхонаҳои муосири ҳушманд аз самтҳои дигари ҳамкорӣ муайян шудаанд.
Дар соҳаи чорводорӣ ҷорӣ намудани низомҳои рақамии мониторинг ва идоракунии чорво бо истифода аз чипҳо ва сенсорҳо, инчунин низоми навигатсионии «BeiDou» пешбинӣ гардидааст. Ин технологияҳо барои назорати ҳолати чорво ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии истеҳсолоти чорводорӣ истифода хоҳанд шуд.
Ҷонибҳо инчунин истифодаи технологияҳои мавҷии кишоварзии физикӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани ҳолати замин, инчунин омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзиро дар самти истифодаи дронҳо ва технологияҳои геоинформатсионӣ ба нақша гирифтаанд.
Дар доираи ҳамкорӣ масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ ва соҳибихтиёрии миллии додаҳои рақамии соҳаи кишоварзӣ низ пешбинӣ шудаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин таҳияи «Харитаи роҳ»-ро оид ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омӯзиши имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ва грантҳоро ба рӯзномаи ҳамкорӣ ворид карданд.
Омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо яке аз самтҳои муҳими Меморандум ба ҳисоб меравад. Дар ин замина баргузории омӯзишҳо барои операторони агродронҳо ва мутахассисони соҳа, инчунин омӯзиши технологияҳои геоинформатсионӣ ва дигар роҳҳои ҳалли рақамӣ пешбинӣ мешавад.
Тарафҳо изҳори итминон намуданд, ки ба имзо расидани Меморандум барои татбиқи амалии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ворид намудани агротехнологияҳои пешрафта, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
ФОТО: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
