Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот».Дзюдочиёни Тоҷикистон Муҳиддин Асадуллоев ва Абубакр Шеров дар Бозиҳои Осиёии соли 2026, ки дар шаҳрҳои Нагоя ва Айтии Ҷопон баргузор мешаванд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.


Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 килограмм барои ҷойи сеюм бо намояндаи Муғулистон Энхдула Лхамаа рақобат карда, пирӯз шуд.
Абубакр Шеров дар вазни то 81 килограмм дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар намояндаи Баҳрайн Аскерби Гербеков ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, шумораи умумии медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ ба 12 медал расид, ки аз ҷумла 2 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ мебошанд.
Баромади дзюдочиёни тоҷик боз як натиҷаи мусбат барои мунтахаби кишвар буда, ба афзоиши маҷмӯи медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии имсола мусоидат намуд.
АКС: Азия+
