Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор шуда, диққати асосӣ ба иҷрои супоришу дастурҳои роҳбарони ду давлат ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба равона гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Федератсияи Русия шарики боэътимоди стратегӣ барои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди ҳамкориҳои ду кишвар бар пояи заминаи устувори меъёриву ҳуқуқӣ, иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин таъмин мегардад.
Зикр гардид, ки то охири соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба сатҳи рекордии 2,47 миллиард доллари ИМА расидааст. Ҳамзамон, содироти маҳсулот ба Федератсияи Русия 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши гардиши мол миёни ду давлат ҳамчун намунаи возеҳи рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд. Дар ин замина зарурати истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба зарурати таъмини иҷрои супоришҳо ва тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, таваҷҷуҳ карданд.
Дар ҷаласа ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва сармоягузорӣ, энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ аҳамияти махсус дода шуд.

Таваҷҷуҳи алоҳида ба таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом равона гардид. Таъкид шуд, ки рушди чунин истеҳсолоти муштарак метавонад ба афзоиши коркарди ашёи хом ва густариши робитаҳои иқтисодии байни ду кишвар мусоидат намояд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Русия таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ба гуфтаи иштирокдорони ҷаласа, ба имзо расидани ҳар як санади нави ҳамкорӣ ба таҳкими минбаъдаи заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои байниҳукуматӣ мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»
