Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Қазон мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан баргузор гардид. Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русияро ба имзо расониданд.

Музокирот дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва прокурорҳои генералии давлатҳои иштирокдори Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқиро, ки бар муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия асос ёфтаанд, баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ, масъалаҳои истирдоди шахсон ва таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зоҳир гардид.
Яке аз самтҳои муҳими музокирот масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Ҷонибҳо ҳамчунин механизмҳои вокуниши фаврӣ ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷиратро баррасӣ карданд.

Натиҷаи муҳими мулоқот ба имзо расидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии ду кишвар гардид. Ҳуҷҷат самтҳо ва афзалиятҳои асосии фаъолияти муштараки мақомоти прокуратураро барои давраи оянда муайян намуда, рушди ҳамкории ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар бар мегирад.
Мулоқот дар Қазон марҳилаи навбатии рушди ҳамкории байниидоравии Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаи ҳуқуқӣ тақвият бахшид.
ФОТО: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
