Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот».Дар шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали оғози маърака 100 фоиз иҷро гардид.

Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ҷавонони шаҳр бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд. Иҷрои пурраи нақша дар рӯзи аввал аз муносибати масъулонаи мақомот ва омодагии баланди ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.

Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Бохтар чорабинии тантанавии ҳарбӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ даъватшавандагон бо барномаи алоҳидаи фарҳангӣ ва маросими суннатӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»
