Душанбе, 5 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар мамнуъгоҳи Саяно-Шушенскии вилояти Красноярски Русия ду бачаи нави паланги барфӣ ба қайд гирифта шуд. Камераи назоратӣ бори аввал паланги барфии мода бо номи «Тоҷикдухтар»-ро ҳамроҳи ду бачае, ки имсол ба дунё омадаанд, сабт кард. Бо пайдо шудани насли нав шумораи палангҳои барфӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ ба 21 сар расид.

Паланги барфии мода бо номи «Тоҷикдухтар» соли 2019 аз Тоҷикистон ба мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск интиқол дода шуд. Ин иқдом дар доираи нахустин таҷрибаи ҷаҳон оид ба интиқоли паланги барфӣ ба минтақаи нав анҷом дода шуда, ҳадафи он ҳифзи ин намуд дар ҳудуди шимолии паҳншавии ҷаҳонии он ва фароҳам овардани шароит барои барқарорсозии гурӯҳи устувори паланги барфӣ буд.
Ҳанӯз соли 2020 паланги барфии мода дар ҳудуди нав соҳиби насли аввал — ду бача — гардид. Дар давраи зиндагӣ дар мамнуъгоҳ «Тоҷикдухтар» чор маротиба соҳиби насл шуда, дар маҷмӯъ нӯҳ бача ба дунё овардааст. Насли ӯ низ афзоиш ёфта, дар ташаккул ва рушди гурӯҳи паланги барфӣ саҳм мегузорад.
Паҳншавии палангҳои барфӣ берун аз ҳудуди асосии мамнуъгоҳ низ идома дорад. Ҳайвонот ба минтақаи муҳофизатии мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск ва ҳамчунин ба ҳудуди мамнуъгоҳи ҳамсояи «Ҳавзаи Убсунур» дар Ҷумҳурии Тува паҳн мешаванд. Дар натиҷа гурӯҳи ягонаи паланги барфии Саяни Ғарбӣ ташаккул ёфта истодааст, ки ҳифзи он назорати мунтазам ва корҳои ҳамаҷонибаи ҳифзи табиатро тақозо мекунад.
Нишонаҳои ҳомиладории навбатии «Тоҷикдухтар»-ро мутахассисон ҳанӯз баҳори имсол мушоҳида карданд. Тобистон дар паланги барфии мода нишонаҳои ширдиҳӣ пайдо шуданд, ки фарзияи муҳаққиқонро тасдиқ намуд. Тасдиқи ниҳоӣ ҳангоми экспедитсияи навбатӣ ба даст омад, вақте ки камераи назоратӣ «Тоҷикдухтар»-ро ҳамроҳи ду бача сабт кард.
Корманди калони илмии мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск Роман Афанасьев гуфт, ки аввалин аксҳои бачаҳои нав тавассути охирин камераи назоратие гирифта шуданд, ки мутахассисон дар ҷараёни сафари хизматӣ санҷиданд. Оилаи палангҳои барфӣ тақрибан соати 6:00 дар назди камера сабт шуда, кормандони мамнуъгоҳ маълумоти дастгоҳро соати 15:00 ҳамон рӯз гирифтанд.
Бачаҳо аллакай фаъолона бозӣ карда, бо ҳамдигар мубориза мебаранд ва ба камераи назоратӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд дастгоҳро газанд ва ҳатто онро аз ҷойи насбаш канда гиранд.
Пайдо шудани насли нав натиҷаи кори чандинсолаи ҳифзи паланги барфӣ мебошад. Кормандони мамнуъгоҳ ин фаъолиятро бо дастгирии Ассотсиатсияи байниминтақавии «Ирбис» ва дар доираи лоиҳаҳои грантии Ҷамъияти географии Русия ва Бунёди президентии ҳифзи табиат анҷом медиҳанд.
Таърихи «Тоҷикдухтар» яке аз натиҷаҳои назарраси барномаи интиқоли паланги барфӣ ба муҳити нав ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, паланги барфии мода, ки зодаи Бадахшон мебошад, дар ҳафт соли охир нӯҳ бача ба дунё овардааст ва насли аввалини ӯ низ аллакай ба афзоиш оғоз кардааст. Ин саҳми ӯро дар ҳифзи популятсия на танҳо аз нигоҳи зиёд шудани саршумор, балки дар ташаккули наслҳои минбаъда муҳим мегардонад.
Паланги барфӣ ба Китоби Сурх шомил буда, дар ҳудуди 12 кишвар паҳн шудааст. Тибқи маълумоти овардашуда, саршумори ин намуд дар Тоҷикистон низ афзоиш ёфта, аз 500 сар гузаштааст.
ФОТО: https://iacgov.ru/, Мамнуъгоҳи давлатии табиии биосферии Саяно-Шушенск
