Душанбе, 6 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди истифода қарор доданд, корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ — ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро ба фаъолият оғоз бахшиданд ва ба сохтмони маҷмааи нассоҷӣ асос гузоштанд.

Лоиҳаҳо ба фароҳам овардани инфрасохтори муосир барои сармоягузорон, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ нигаронида шудаанд.
Бинои нави маъмурияти МОИ «Кӯлоб» бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуданд. Дар давраи сохтмон беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб гардида, баъди ба истифода додани бино барои 60 корманди минтақа ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.
Бино дорои 23 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, ду утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷой мебошад. Он бо техника ва таҷҳизоти муосир, низоми гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, воситаҳои назорати бехатарӣ ва низоми видеоназоратӣ таъмин шудааст.
Дар ошёнаи якум Маркази хизматрасонии «Равзанаи ягона» ҷойгир шуда, дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷиратӣ, раводидӣ, бонкӣ ва дигар хизматрасониҳо пешниҳод карда мешаванд. Мутамарказ намудани чунин хизматрасониҳо дар як марказ метавонад барои субъектҳои минтақа ҷараёни иҷрои расмиёти маъмуриро осон намуда, шароити фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро беҳтар созад.

Дар баробари сохтмони бино корҳои васеи ободонӣ низ анҷом дода шудаанд. Дар ҳудуди минтақа 2,1 километр роҳ бунёд ва мумфарш гардида, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимӣ ва ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарги рангоранг оро дода шудааст. Дар толори варзишии бино 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст.
Ҳамчунин 5 октябр дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» корхонаи нави саноатии ҶДММ «Тоҷик-Алмос», ки ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ машғул аст, ба истифода дода шуд. Лоиҳа бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев амалӣ гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои намудҳои гуногуни нақлиёт ва техникаи истеҳсолӣ истифода мешаванд. Таҷҳизоти технологӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолӣ пурра аз хориҷи кишвар ворид гардида, мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби коршиносони хориҷӣ омӯзонида шудаанд.

Яке аз хусусиятҳои ин корхона ҷалби асосан занони хонашин аз маҳаллаҳои гирду атроф ба фаъолияти истеҳсолӣ мебошад. Дар корхона 20 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, кормандони маҳаллӣ бо музди меҳнати муносиб таъмин гардидаанд.
Иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Тоҷик-Алмос» дар як сол 700 ҳазор адад маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар сурати ба иқтидори пурраи истеҳсолӣ расидани корхона истеҳсоли беш аз 150 номгӯи ҳавотозакунак пешбинӣ шудааст.
Маҳсулоти корхона пеш аз ҳама барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ пешбинӣ гардида, бо рушди минбаъдаи истеҳсолот имкони содироти он низ ба вуҷуд меояд.
Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона метавонад барои таъмини эҳтиёҷоти техникаи корхонаю ширкатҳои ватанӣ истифода шавад. Аз ҷумла, ҳавотозакунакҳои истеҳсолшаванда метавонанд дар воситаҳои нақлиёт ва техникаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ки дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикии кишвар, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», саҳми назаррас дорад, истифода гарданд.

Ба истифода додани корхонаи нав ба васеъ гардидани номгӯи маҳсулоти саноатии ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтидори истеҳсолии МОИ «Кӯлоб» ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат мекунад.
Дар МОИ «Кӯлоб» инчунин лоиҳаи сохтмони маҷмааи нассоҷӣ муаррифӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳа шинос шуда, ба бунёди он санги асос гузоштанд.
Маҷмаа аз ҷониби ҶДММ «Текстиль Таджикистан» ва ҶДММ «Пахтаи Точикистон» бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад. Лоиҳа таъсиси занҷираи истеҳсолиро аз коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ пешбинӣ менамояд.
Иқтидори коргоҳи ресандагӣ дар як сол ба 10 ҳазор тонна калобаи ресидашуда ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ мерасад. Дар маҷмӯъ дар корхонаҳои маҷмаа барои 440 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кор таъсис дода мешавад.

Коргоҳҳо бо таҷҳизоти муосири истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҷаҳон, ки сатҳи баланди автоматикунонӣ доранд, муҷаҳҳаз гардида, технологияҳои пешрафтаи ресандагӣ истифода хоҳанд шуд. Ин имкон медиҳад, ки сифати маҳсулот ба талаботи содиротӣ мутобиқ буда, маҳсулнокӣ ба сатҳи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ наздик карда шавад.
Дар таркиби маҷмаа ҳамчунин бунёди корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди солонаи 60 ҳазору 480 тонна пахтаи хом пешбинӣ шудааст. Дар ин корхона барои 200 нафар сокини маҳаллӣ ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ фароҳам оварда мешавад.
Маҷмӯи лоиҳаҳои амалӣ ва пешбинишуда нишон медиҳад, ки рушди МОИ «Кӯлоб» тадриҷан аз ташкили корхонаҳои алоҳида ба ташаккули инфрасохтори мукаммали истеҳсолӣ мегузарад. Инфрасохтори нави маъмурӣ, низоми «Равзанаи ягона», истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ва ташкили занҷираи нассоҷӣ барои рушди ҳамкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармоя шароити бештар фароҳам меоранд.
Ҳамзамон коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи бештар аҳамияти хос дорад. Барои Тоҷикистон рушди чунин истеҳсолот бо яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат, зиёд намудани сатҳи шуғл ва таҳкими заминаи истеҳсолии дохилӣ робитаи мустақим дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
