Душанбе, 17 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Барномаҳои ҷашнӣ рӯзи шанбе, 17 октябр, соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт оғоз мегарданд. Меҳргон, ки бо анъанаҳои қадимаи кишоварзӣ ва гиромидошти ҳосили меҳнати деҳқонон алоқаманд аст, меҳвари чорабиниҳо буда, намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ, фестивалҳои соҳавӣ ва фурӯши маҳсулоти маҳаллиро фаро мегирад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ҷашн фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали занбӯрпарварон бо намоиш ва фурӯши асал, фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ, инчунин Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур баргузор мешаванд.
Деҳқонон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат дастранҷи худ — навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷоти тару тозаро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд. Маҳсулот бо нархҳои дастрас пешниҳод карда мешавад, то иштирокдорон бо имкониятҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ шинос шуда, маҳсулоти мавсимиро харидорӣ намоянд.

Дар барномаи ҷашнӣ ҳамчунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишҳои театрӣ пешбинӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ба кишоварзон ва иштирокдорони чорабиниҳо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.
Ин чорабиниҳо тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоишҳо, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва чорабиниҳои марбут ба анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 баргузор мешаванд. Ҷадвали мазкур бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст.
Акс: Телеграмм канали Рустами Эмомалӣ
