Душанбе, 17 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Экспедитсияи маърифатӣ-омӯзишии «Сафирони забони русӣ дар ҷаҳон» аз 17 то 24 октябри соли 2026 дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ташкилкунандаи он Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин буда, чорабинӣ бо дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия роҳандозӣ мешавад.

Барномаи байналмилалии ихтиёрӣ донишҷӯён, аспирантҳо ва мутахассисони ҷавони аз 18 то 35-соларо муттаҳид мекунад. Иштирокдорони барнома барои хонандагону донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ машғулиятҳо гузаронида, онҳоро бо забон, адабиёт ва фарҳанги Русия шинос менамоянд.
Барномаи омӯзишӣ ба усулҳои интерактивӣ асос ёфтааст. Ихтиёриён дарсҳои омӯзишӣ, викторинаҳо ва супоришҳои эҷодӣ ташкил мекунанд, ки ба омӯзиши забон дар шакли шавқовар ва ҷалби фаъолонаи иштирокдорон ба раванди таълим мусоидат менамоянд. Самти алоҳидаи барнома ба кишваршиносии Русия, аз ҷумла шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвар, бахшида шудааст.
Экспедитсия на танҳо фаъолияти омӯзишӣ бо хонандагону донишҷӯёни кишвари қабулкунандаро дар бар мегирад. Ихтиёриён ҳамчунин бо фарҳанг ва анъанаҳои Тоҷикистон шинос мешаванд. Ин раванд барои муоширати байнифарҳангӣ ва табодули таҷрибаи мутақобила имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.

Тавре ташкилкунандагон иттилоъ медиҳанд, маводи таълимӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи методикаи таълими Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин таҳия гардида, сатҳҳои гуногуни донистани забони русиро ба назар мегирад. Ин имкон медиҳад, ки машғулиятҳо ба сатҳи омодагии иштирокдорон мутобиқ карда шаванд ва усулҳои гуногуни таълим истифода гарданд.
Миқёси фаъолияти барнома аз фарогирии байналмилалии он шаҳодат медиҳад: аз оғози татбиқи он то имрӯз беш аз 76 ҳазор хонанда ва донишҷӯ аз Русия ва кишварҳои хориҷӣ дар чорабиниҳои омӯзишӣ иштирок кардаанд.
Дар доираи экспедитсияи имсола ҳайати 13-нафара дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳоро баргузор мекунад. Ташаббус ба тарғиби забони русӣ ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон равона шудааст. Ҳамзамон, он барои шиносоии ҷавонон бо забону фарҳанги кишвари дигар тавассути муоширати мустақим ва фаъолияти муштараки омӯзишӣ замина фароҳам меорад.
Акс: Россотрудничество дар Тоҷикистон
