Душанбе, 28 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 27 октябр дар чорроҳаи хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Негмат Қарабоев ба сохтмони роҳгузари дусатҳа ва таҷдиди пули автомобилгард аз болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.

Корҳо дар доираи Нақшаи генералии рушди шаҳри Душанбе ва лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ мешаванд. Онҳо навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракат дар шаҳр ва таҷдиди шабакаҳои муҳандисиро дар бар мегиранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони ду эстакада ва таҷдиди пул дар давоми ду сол анҷом дода шавад.
Роҳгузарҳои нав ва ҳашт хати ҳаракат
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дарозии умумии роҳгузари дусатҳа дар чорроҳаи хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Негмат Қарабоев 850 метрро ташкил медиҳад. Барои ҳаракати нақлиёт дар ҳар ду самт сохтмони ҳашт хати ҳаракат пешбинӣ шудааст, ки паҳнои ҳар кадоми онҳо 3,5 метр хоҳад буд. Роҳҳои баромаду фаромади роҳгузар бо риояи талаботи байналмилалии сохтмони роҳҳо се хати ҳаракатӣ хоҳанд дошт.
Роҳгузари дусатҳаи дигар дар чорроҳаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров сохта мешавад. Дарозии умумии он 4 300 метр буда, ҳаракати нақлиёт дар ҳар ду самт тавассути ҳашт хат ташкил карда мешавад.

Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ — автобусҳо ва троллейбусҳо — хатҳои махсус ҷудо карда мешаванд. Ин тадбир ба беҳтар шудани танзими ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ мусоидат хоҳад кард.
Пули 115-метра ва навсозии шабакаҳои муҳандисӣ
Дар доираи лоиҳа таҷдиди пули автомобилгард аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ низ пешбинӣ шудааст. Дарозии пул 115 метр ва паҳнои он 40 метрро ташкил медиҳад. Дар он ҳашт хати ҳаракат дар ҳар ду самт ташкил карда шуда, иқтидори борбардории ҳисобии иншоот 100 тоннаро ташкил хоҳад дод.
Ҳангоми сохтмон ва таҷдиди пул истифодаи 80 болори мустаҳкам пешбинӣ шудааст. Аз ин шумора 40 болор 24 метр ва 40 болори дигар 33 метр дарозӣ хоҳанд дошт.
Дар баробари корҳои роҳсозӣ, лоиҳа навсозии шабакаҳои зеризаминии муҳандисиро низ дар бар мегирад. Шабакаҳои оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, алоқа, таъминоти барқ ва равшанидиҳӣ таҷдид карда мешаванд. Ҳамзамон, ободонӣ ва кабудизоркунии гулгаштҳо ва роҳравҳои қитъаҳои таҷдидшаванда ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори гузарониши роҳҳо, коҳиш додани танбашавии нақлиёт ва фароҳам овардани шароити бехатари ҳаракат барои ронандагону пиёдагардон мебошад.
Ҳамкории байналмилалӣ ва назорати сифати сохтмон
Таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар асоси созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад. Пудратчиёни лоиҳа ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати муҳандисиву сохтмонии Чин мебошанд, ки дар соҳаи сохтмони шаҳрӣ тахассус дорад. Ҳамоҳангсозии корҳоро Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе ба уҳда дорад.
Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтори роҳсозии пойтахт ва бунёди роҳгузарҳои бисёрсатҳаро мусбат арзёбӣ кард. Ӯ ба масъулон ва сохтмончиён супориш дод, ки риояи муҳлатҳои муқарраршуда, сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва истифодаи масолеҳи боэътимодро таъмин намоянд.

Интизор меравад, ки навсозии шабакаи роҳҳо ва инфрасохтори муҳандисӣ дастрасии нақлиётиро ба баъзе минтақаҳои Душанбе беҳтар карда, эътимоднокии инфрасохтори шаҳрро дар дарозмуддат баланд бардорад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
