Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои сиёсиро баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои сиёсиро баррасӣ намуданд

Остона, 28 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев паеми президенти Қасим-Жомарт Токаевро ба шоҳзода, сарвазири Арабистони Саудӣ Муҳаммад Бен Салмон Ал Сауд расонид. Дар мулоқот бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии салтанат Уолид Ал-Хурейҷӣ вазъи минтақавӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Дар ин нома ҳамбастагӣ бо роҳбарият ва мардуми Арабистони Саудӣ, инчунин дастгирии талошҳо барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи инфрасохтори шаҳрвандӣ ифода ефтааст. Ҷониби саудӣ барои дастгирӣ ташаккур гуфт ва риштаҳои мустаҳками дӯстиро қайд намуд.

Ҷонибҳо дар бораи вазъи минтақавӣ ва дурнамои таҳкими робитаҳо байни идораҳои сиесати хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар натиҷаи мулоқот аҳамияти муколамаи мунтазами сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои таҳкими шарикӣ таъкид гардид.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ