Нахустнамоиши филми ҳунарии «Моҳӣ барои Черчилл» дар Душанбе баргузор мешавад - ИА Караван Инфо
Нахустнамоиши филми ҳунарии «Моҳӣ барои Черчилл» дар Душанбе баргузор мешавад

Душанбе, 3 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 ноябр дар толори синамои «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии «Моҳӣ барои Черчилл» баргузор мешавад. Оғози намоиш соати 17:00 буда, даромад барои тамошобинон озод аст. Дар ин хусус Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар додааст.

Филм дар асоси ҳикояи «Ҳамном»-и нависандаи тоҷик Холмурод Шарифов ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳия гардидааст. Дар он ба мавзуи солҳои ҷанг тавассути осори адабии адиби тоҷик рӯ оварда шудааст.

Коргардонии филмро Нигина Раҷабова ва Орзумурод Шарифов ба уҳда доштаанд. Ин асари синамоӣ дар сеюмин синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» сазовори се ҷоиза гардидааст. Аз ҷумла, гурӯҳи эҷодӣ дар номинатсияҳои «Беҳтарин наворбардор» ва «Беҳтарин нақши мардона» соҳиби ҷоиза шудааст.

Нахустнамоиши филм дар Душанбе ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо яке аз корҳои нави синамогарони тоҷик, ки дар заминаи насри бадеии миллӣ офарида шудааст, шинос шаванд.

Акс: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»