Душанбе, 4 ноябр — АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сохтмони неругоҳи барқи офтобии «Ҷайҳун» бо иқтидори умумии 250 МВт идома дорад.

Лоиҳа дар масоҳати 748 гектар дар ду марҳила амалӣ гардида, ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон ва густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона шудааст.
Марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони зеристгоҳи барқии 220 кВ ва ҳашт қитъаи фотоэлектрикӣ бо иқтидори умумии 50 МВт-ро дар бар мегирад. Дар марҳилаи дуюм сохтмони иқтидорҳои иловагии истеҳсоли неруи барқ ба ҳаҷми 200 МВт пешбинӣ шудааст.
Дар доираи марҳилаи якум дар ҳудуди зеристгоҳ зиёда аз 95 фоизи корҳои бетонрезӣ ба анҷом расидаанд. Ҳоло сохтмони биноҳои асосӣ, васлу насби таҷҳизоти дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва насби трансформатори якуми қуввагӣ идома доранд.
Ҳамзамон, дар ҳашт қитъаи фотоэлектрикӣ корҳои васлу насб ҷараён доранд. Дар панҷ қитъа насби пояҳои винтӣ пурра ба анҷом расида, дар се қитъаи дигар идома дорад. Дар ду қитъа бошад, корҳои васлкунии конструксияҳои металлӣ ва насби панелҳои офтобӣ амалӣ мешаванд.
Татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи офтобии «Ҷайҳун» имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар афзоиш ёфта, манбаъҳои истеҳсоли он диверсификатсия ва истифодаи захираҳои барқароршавандаи энергетикӣ васеъ карда шавад. Рушди энергетикаи офтобӣ ҳамчунин барои таҳкими иқтидори энергетикии Тоҷикистон имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.
АКС: «Тоҷикгидроэнергомонтаж» (ТГЭМ)
