Дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид

Душанбе, 5 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот».04 ноябри таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар палатаи поёнии парлумон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хос ва сарнавиштсоз дорад. Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии рушди давлати соҳибистиқлолро муайян намуда, пояҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муқаррар кардааст.

Ин санади муҳимму тақдирсози миллат, ки бо талошҳои хастанопазир ва ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар таҳия ва қабул гардид, барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми он замон, таъмини ризоияти ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Дар даврае, ки ҷумҳурӣ дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули Конститутсияе, ки аз рӯи шакл, мазмун ва рӯҳ ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ буд, дар аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар ва нигоҳдории якпорчагии миллӣ нақши ҳалкунанда бозид.

Ташаббус, хиради сиёсӣ ва биниши стратегии Пешвои миллат омили калидии ин раванди таърихӣ гардид.

Яке аз арзишҳои марказии Қонуни асосӣ эътироф ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳифзи шаъну шарафи шахсият, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи муҳим доранд.

Дар ин замина Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми қонунгузор дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба такмили низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат мусоидат мекунанд, нақши муҳим мебозад. Вазифаи вакилон, таъкид кард раиси палата, аз он иборат аст, ки зимни фаъолияти қонунгузорӣ манфиатҳои давлату миллат ва ниёзҳои воқеии аҳолиро ба назар гирифта, ба таҳкими волоияти қонун, рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм гузоранд.

Бо маърузаҳо доир ба моҳият, аҳаммият ва ҷойгоҳи Конститутсия дар ҳаёти давлат ва ҷомеа муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Имомзода Нилуфар, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддинзода Азизбек ва узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Асадулло баромад карданд. Онҳо аҳаммияти таърихии ҳуҷҷат ва ҷанбаҳои мубрами онро ба таври муфассал шарҳ доданд.

Ҳамоиши идона ба платформаи муҳим барои дарк кардани нақши Конститутсия ҳамчун пояи истиқлолияти давлатӣ, ризоияти миллӣ ва рушди пешрафтноки Тоҷикистон табдил ёфт.

Акс: Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон