Ваҳдат, варзиш ва суннатҳо: дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия Рӯзи ваҳдати халқро таҷлил карданд - ИА Караван Инфо
Ваҳдат, варзиш ва суннатҳо: дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия Рӯзи ваҳдати халқро таҷлил карданд

Душанбе, 5 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба муносибати Рӯзи ваҳдати халқ чорабиниҳои тантанавӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Барномаи идона хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гуногун, аъзои оилаҳои онҳо ва кормандони ғайринизомиро ба ҳам овард. Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкории байни хизматчиёни ҳарбӣ, гиромидошти анъанаҳои дастаи низомӣ ва фароҳам овардани фазои идона мусоидат намуд.

Рӯзи идона бо мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷузъу томҳо оғоз ёфт. Мураббиёни омодагии ҷисмонӣ мусобиқаи арғамчинкашӣ ташкил карданд. Иштирокчиён бояд на танҳо қувваи ҷисмонӣ ва тобоварии худро нишон медоданд, балки ҳамоҳангии амал ва қобилияти якҷоя кор карданро низ собит менамуданд. Чунин рақобатҳо ба рушди рӯҳияи дастаҷамъӣ, дастгирии ҳамдигар ва таҳкими ҳамбастагӣ мусоидат мекунанд.

Яке аз бахшҳои барномаи идона озмуни таомҳои миллӣ буд. Хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаҳои онҳо ва кормандони ғайринизомӣ имкон пайдо карданд, ки бо таомҳои русӣ ва шарқӣ, ки ошпазҳои ҷузъу томҳо омода карда буданд, шинос шаванд. Озмун ба қисми муҳими барномаи фарҳангӣ табдил ёфта, иштирокчиёнро гирди дастархони идона ҷамъ овард.

Барномаи рӯз бо консерти оркестри ҳарбии пойгоҳ ба анҷом расид. Дар иҷрои мусиқинавозон маршҳои ватандӯстона, оҳангҳои халқӣ ва асарҳои мусиқии муосир садо доданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ ба иштирокчиён дипломҳои хотиравӣ ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд. Созмондиҳандагон таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо барои фароғати варзишию фарҳангӣ, балки барои таҳкими ҳамкории байни ҷузъу томҳо, фароҳам овардани фазои мусоид ва муттаҳид сохтани ҳайати шахсӣ аҳаммият доранд.

АКС: Шуъбаи ҳамкории ҳарбию шаҳрвандии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия