Душанбе, 5 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 ноябр дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи грантии Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот (SEDP) баргузор гардид. Барнома дар доираи Компоненти 3-и Лоиҳаи рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Хайрулло Маҷидӣ доир гардид. Дар он намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот ба баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна дар соҳаҳои агробизнес, саноати нассоҷӣ ва сайёҳӣ, рушди занҷираҳои таъминот, инчунин тавсеаи имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии ширкатҳои ватанӣ равона гардидааст.
Дар ҷараёни ҷаласа ширкатҳои татбиқкунандаи Барнома — ТҶ «Пешсаф», ТҶ «Иқтидор» ва ТҶ «Тоҷи Нурафшон» — дархостҳои грантии бенефитсиарони эҳтимолиро аз вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба аъзои Кумитаи грантӣ пешниҳод намуданд.

Лоиҳаҳои пешниҳодшуда самтҳои агробизнес ва сайёҳӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли маҳсулоти армуғониро фаро мегиранд. Аъзои кумита ҳангоми баррасии дархостҳо нишондиҳандаҳои асосии лоиҳаҳо, мутобиқати онҳо ба ҳадаф ва талаботи Барномаи грантӣ, натиҷаҳои иқтисодии пешбинишаванда, имкониятҳои рушди истеҳсолот ва содирот, инчунин ҳамгироии корхонаҳо ба занҷираҳои таъминотро мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Ҷаласаи дуюми Кумитаи грантӣ марҳилаи муҳим дар раванди татбиқи амалии Барномаи грантҳои муштараки SEDP ба ҳисоб меравад. Он ба баррасӣ ва интихоби лоиҳаҳои дорои иқтидори рушди истеҳсолӣ ва содиротӣ ҷиҳати пешниҳоди дастгирии грантӣ равона гардидааст. Дастгирии тиҷорати хурду миёна дар соҳаҳои афзалиятнок ба диверсификатсияи иқтисод, таҳкими иқтидори содиротии минтақаҳо ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори бахши хусусӣ мусоидат мекунад.
Акс: Дафтари матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
