Душанбе, 9 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 7 ноябр намояндагони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шанбегии ёдбудӣ, ки дар хиёбони Шарафи қабристони шаҳрии (русӣ)-и Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ба гиромидошти хотираи муҳофизони Ватан ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои онҳо бахшида шуда буд. Шанбегӣ ба муносибати 85-солагии паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх, ки 7 ноябри соли 1941 баргузор гардида буд, доир шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Хонаи русӣ дар Душанбе, аъзои гурӯҳи «Память-201»-и назди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, собиқадорон ва фаъолони ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Марина Русакова, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ намояндагӣ намуданд.
Пеш аз оғози корҳои ободонӣ ҳамоиши ёдбудӣ баргузор гардид. Зимни суханрониҳо иштирокдорон аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ, эҳтиром ба корнамоии муҳофизони Ватан ва зарурати ба наслҳои ҷавон расонидани ин арзишҳоро таъкид карданд. Ҳамчунин зикр шуд, ки чунин иқдомҳо ба таҳкими пайванди наслҳо ва тарбияи эҳтиром ба таъриху гузаштаи кишвар мусоидат мекунанд.
Дар ҷараёни шанбегӣ иштирокдорон ҳудуди қабристонро аз партов, шохаҳои хушк ва баргҳои рехта тоза карда, ёдгориҳоро ба тартиб дароварданд, панҷараҳоро ранг карданд, сатҳи хокро ҳамвор намуда, гирду атрофи қабрҳоро обод карданд.
Хиёбони Шараф чандсад метр тӯл кашида, беш аз ҳазор қабри марбут ба давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро дар бар мегирад. Таърихи ин макони ёдбуд бо гузаштаи ҳарбии Душанбе робитаи ногусастанӣ дорад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳр беморхонаҳои ҳарбии эвакуатсионӣ фаъолият мекарданд, ки дар онҳо сарбозону афсарони маҷрӯҳ табобат мегирифтанд.
Бисёре аз онҳо дар Душанбе ба хок супурда шудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки Душанбе дар таърихи тибби ҳарбӣ ва ҳифзи хотираи қурбониёни ҷанг ҷойгоҳи хос дорад.
Иштироки намояндагони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар ин шанбегӣ на танҳо саҳмгузорӣ дар ободонии макони ёдбуд, балки нишонаи эҳтирому сипос ба онҳое буд, ки барои сулҳу озодӣ ҷони худро нисор кардаанд. Чунин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки намояндагони муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, собиқадорон ва ҷавонон дар атрофи ҳадафи муштарак — ҳифзи хотираи таърихӣ ва ба наслҳои оянда интиқол додани он — муттаҳид шаванд.
Акс: Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
