Дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки беш аз 250 нафар баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки беш аз 250 нафар баргузор гардид

Душанбе, 9 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  08 ноябр дар доираи тадбирҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби аҳолӣ ба варзиш дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 250 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба машқу тамринҳои варзишӣ роҳандозӣ гардида, дар фазои болида ва руҳияи баланди варзишӣ сурат гирифт.

Иштирокчиён таҳти роҳбарии мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ машқҳои гуногуни пагоҳирӯзиро иҷро намуда, бори дигар аҳаммияти ҳаракати ҷисмонӣ ва варзишро дар ҳифзи саломатӣ таъкид карданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ дар асоси сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли солиму фаъол роҳандозӣ мегардад.

Чунин иқдомҳо ба маъмулгардонии машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷавонон ва сокинони пойтахт мусоидат намуда, муносибати огоҳонаро ба саломатӣ таҳким мебахшанд ва татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи варзиши оммавӣ дастгирӣ мекунанд.

Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон