Душанбе, 9 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 7 ноябр дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони дигар сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Пеш аз оғози қисми расмӣ иштирокчиён аз техника, таҷҳизот ва лавозимоти ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ истифода мешаванд, боздид карданд. Сипас бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани Парчами ҷангӣ маросими тантанавӣ оғоз ёфт.
Бо суханронӣ генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баромад кард. Аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ӯ ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ самимона табрик гуфт.

Дар суханронии худ Шариф Назарзода таъкид намуд, ки милитсия ҳамчун яке аз сохторҳои калидии ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигоҳдории суботу амнияти ҷомеа нақши муҳим дорад. Махсусан саҳми назарраси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва таъмини фазои орому осудаи кишвар қайд карда шуд.
Чорабинӣ бо паради ҳарбӣ ба анҷом расид. Афсарону сарбозон бо қадамзании тантанавӣ аз назди минбари фахрӣ гузаштанд. Ин намоиши омодагии ҷангӣ, интизоми низомӣ ва садоқати хизматчиён ба савганди худ ба чорабинии идона шукуҳи хосса бахшид.

Баргузории парад дар Бохтар қисми муҳими чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик гардид. Он омодагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаро барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва саҳми онҳоро дар таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ таъкид намуд.
Акс: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
