Кодекси нави Шаҳрвандӣ барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва тиҷорат пешбинӣ шудааст - ИА Караван Инфо
Кодекси нави Шаҳрвандӣ барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва тиҷорат пешбинӣ шудааст

Остона, 12 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Таҳияи кодекси Нави Шаҳрвандии Қазоқистон бояд ислоҳоти комплексӣ бошад, ки ба баланд бардоштани эътимоднокии ҳуқуқӣ ва устувории гардиши шаҳрвандӣ равона намуда шудааст. Дар ин бора директори Институти қонунгузорӣ ва иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶҚ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Жанар Ҷигитекова изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, навсозии қонунгузорӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ, тағиребии муносибатҳои иқтисодӣ ва пайдоиши шаклҳои нави соҳибкорӣ вобаста аст. Ҳамзамон, нигоҳ доштани принсипҳои бунедии ҳуқуқ муҳим аст.

“ Сухан на танҳо дар бораи таҷдиди меъерҳои амалкунанда, балки дар бораи навсозии системавии қонунгузории шаҳрвандӣ бо нигоҳ доштани принсипҳои асосии он ва таъмини пайдарпаии танзими ҳуқуқӣ меравад” – таъкид намуд Жанар Ҷигитекова

Дар байни самтҳои асосӣ, коршинос ҳимояи моликият, такмили ҳуқуқи шартномавӣ, танзими дороиҳо ва амалиетҳои рақамӣ, инчунин бартараф намудани зиддиятҳои дар амал ошкоршударо номбар намуд.

Ба кафолатҳои ҳуқуқҳои молу мулкӣ, озодии шартнома, софдилонаи иштирокчиени бозор ва иҷрои ӯҳдадориҳо диққати махсус дода мешавад. Ин чораҳо барои эҷоди эътимод ба низоми ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳиманд.

“Ҳар гуна тағйирот бояд ба таҳлили комплексии илмӣ, арзёбии амалияи татбиқи ҳуқуқ ва муҳокимаи васеи касбӣ асос ебад”, — қайд намуд роҳбари Институт.

Ба ақидаи коршинос, ислоҳот бояд тавозуни манфиатҳои шаҳрвандон, тиҷорат ва давлатро таъмин кунад, хавфҳои ҳуқуқиро коҳиш диҳад ва дахолати беасосро ба муносибатҳои хусусии ҳуқуқӣ истисно кунад.

“Натиҷаи асосии навсозии кодекси Шаҳрвандӣ бояд на афзоиши шумораи меъерҳои ҳуқуқӣ, балки баланд бардоштани сифат, мувофиқа ва пешгӯишавандагии танзими ҳуқуқии шаҳрвандӣ бошад”, – хулоса намуд Жанар Ҷигитекова.

Зарурати таҳияи кодекси навро Қаблан Президент Қасим-Жомарт Токаев дар Паеми солонаи худ ба мардуми Қазоқистон муайян намуда буд.

Аксҳо: аз бойгонии шахсии Ҷ. Ҷигитекова