Донишгоҳҳои қазоқистон дар саммити байналмилалии COP31 коркардҳои иқлимро пешниҳод намуданд - ИА Караван Инфо
Донишгоҳҳои қазоқистон дар саммити байналмилалии COP31 коркардҳои иқлимро пешниҳод намуданд

Остона, 17 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар конфронси байналмилалии COP31 (КОП-31) дар Анталия (Туркия) шаш лоиҳаи илмии се Донишгоҳи олии Қазоқистон пешниҳод намуда шудааст. Корҳо ба ҳалли мушкилоти экологӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва мутобиқ шудан ба тағйироти иқлим равона карда шудаанд.

Дар павилёни Миллии Қазоқистон таҳқиқоти худро КазНУ-и ба номи Ал-Фарабӣ, Satbayev University (Донишгоҳи Сатпаев) ва Донишгоҳи техникии Караганда ба номи Абилкас Сагинов пешниҳод намуданд.

Яке аз рӯйдодҳои марказӣ баҳс дар бораи ҳифзи захираҳои об ва омӯзиши криосфераи Осиёи Марказӣ буд. Муовини вазири илм ва таҳсилоти олӣ Динара Шеглова аҳамияти таҳқиқоти илмии ватаниро барои амнияти экологии минтақа таъкид намуд.

“Дар рушди тадқиқоти илмӣ дар ин самт ташкилотҳои илмӣ ва таълимии ватанӣ саҳми назаррас доранд” – қайд намуд Динара Шеглова ва ба кори маркази глятсиологӣ, институтҳои илмӣ ва донишгоҳҳо  ишора кард.

Муовини вазири муҳити зист ва захираҳои табиӣ Мансур Ошурбоев дар навбати худ дар бораи тадбирҳои ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла қабули кодекси нави Оби Қазоқистон, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи об ва рушди таҳқиқоти пиряхҳо маълумот дод.

Иштирокчиён инчунин ташаббусҳои муштараки илмӣ, коҳиши хатарҳои иқлим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Конфронси COP – 31 (КОП-31) дар Анталия аз 9 то 20 ноябри соли 2026 баргузор мешавад.

Аксҳо: ВИ ва ТО  ҶҚ