Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор шуд

Душанбе, 24 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯи намуди марш бо дав дар шароити кӯҳсор баргузор гардид.

Чорабинӣ ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дастаҳои ҷузъу томҳои таъиноти махсуси мақомоти таъмини амнияти кишвар иштирок намуданд.

Дар оғози мусобиқа Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Суҳроб Орзу Рауфзода, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи ба даст овардани натиҷаҳои баланд барору комёбӣ орзу кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва касбии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои таъиноти махсус, инчунин тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, матонат ва садоқат ба Ватан аҳамияти муҳим дорад.

Мусобиқа дар шакли марш бо дав дар шароити мураккаби кӯҳсор ва ба масофаи 16 километр баргузор шуда, маҳорати касбӣ, тобоварии ҷисмонӣ, иродаи қавӣ ва сатҳи омодагии иштирокчиёнро мавриди санҷиш қарор дод.

Ҷараёни мусобиқа таҳти назорати ҳайати доварон қарор дошта, натиҷаҳои дастаҳо тибқи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ карда шуданд.

Баргузории чунин мусобиқаҳо на танҳо ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои миллӣ мусоидат мекунад, балки барои таҳкими рӯҳияи ҳамбастагӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои қудратии кишвар низ замина фароҳам меорад.

Акс: Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон