Остона, 24 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Қазоқистон аз рӯи нишондиҳандаи устувории дарозмуддати низоми нафақа дар таҳқиқоти байналмилалии Marsh CFA Institute Global Pension Index 2026 (Марши Си-Эф-Эй Институти Глобал Пеншн Индекс 2026) ҷои ҳаштумро ишғол намуд. Кишвар аз рӯи ин меъёр 74,4 хол ба даст овард.

Дар рейтинги умумӣ Қазоқистон дар байни 55 кишвар бо натиҷаи 64,8 хол ва баҳои C+ (Си–плюс) дар ҷои 29-ум қарор гирифт.
Тадқиқот системаҳои нафақаро аз рӯи се самт арзёбӣ мекунад: пардохтҳои кофӣ, устувории дарозмуддат ва сифати танзим ва идоракунӣ. Дар ин ҳолат зиёда аз 50 нишондиҳанда, аз ҷумла ҳаҷми пасандозҳо, фарогирии кормандон бо барномаҳои нафақа ва тағйироти демографӣ ба назар гирифта мешаванд.
Коршиносон натиҷаҳои Қазоқистонро дар соҳаи танзим ва идоракунӣ алоҳида қайд намуданд: дар ин самт кишвар 83 хол ба даст овард. Дар байни қувваҳои система фарогирии васеи иштирокчиён, ҳимояи манфиатҳои онҳо ва огоҳ намудани шаҳрвандон номбар намуда шудааст.
Модели нафақаи Қазоқистон пардохтҳои давлатӣ, саҳмҳои ҳатмии кормандон ва корфармоён, инчунин пасандозҳои ихтиёриро дар бар мегирад. Дар ин ҳолат, натиҷаҳои тадқиқот зарурати минбаъд баланд бардоштани кофӣ будани таъминоти нафақаро нишон медиҳанд.
Аксҳо: Кумитаи муҳоҷирати МТСЗН ҶҚ
