Остона, 17 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазири илм ва таҳсилоти олӣ Саясат Нурбек бо Роҳбари агентии рушди байналмилалии KazAID (Казейд) Нургалӣ Аристонов мулоқот намуд. Ҷонибҳо пешбурди таҳсилоти қазоқистонро дар хориҷа ва васеъ намудани барномаҳои байналмилалии стипендияро муҳокима намуданд.

Ба ташаббуси Study in Kazakhstan (Стади ин Қазоқистон), ки аз соли 2019 донишҷӯёни хориҷиро ба донишгоҳҳои ватанӣ ҷалб мекунад, диққати махсус дода шуд. Ҳар сол барои довталабони хориҷӣ 550 грант ҷудо карда мешавад: 490 – барои бакалавриат, 50 – барои магистратура ва 10 – барои докторантура.
Барнома 30 давлатро дар бар мегирад, аз ҷумла Чин, Муғулистон, Афғонистон, Бангладеш, Нигерия ва Узбекистон. Донишҷӯёни хориҷӣ имконият пайдо мекунанд, ки дар донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар таҳсил кунанд.
“Ташаббусҳои таълимӣ – ин на танҳо имконияти тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, балки воситаи муҳими таҳкими шарикии байналмилалӣ, рушди ҳаракати академӣ ва робитаҳои гуманитарӣ мебошанд”. – таъкид намуд Саясат Нурбек
Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин имконияти дохил намудани стипендияҳои давлатиро барои хориҷиён ба механизмҳои кӯмаки расмӣ ба рушди Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки кори муштаракро идома диҳанд. Интизор меравад, ки ҳамкории Вазорат ва KazAID (Казейд) мавқеи Қазоқистонро ҳамчун маркази минтақавии таълимӣ ва илмӣ мустаҳкам кунад.
Аксҳо: ВИ ва ТО ҶҚ
