Кормандони полиси Алмаато ба тичорати маводи мухаддир зарбаи чидди зада, озмоишгохи калони маводи мухаддири синтетикиро бархам доданд. Амалиёт дар яке аз хонахои ичорагирифтаи нохияи Жетису гузаронида шуд.

Дар чараёни кофтукоб, полис микдори зиёди маводи мухаддири синтетикии «алфа-PVP» — ро мусодира намуд ва инчунин, гумонбареро, ки фуруши маводи манъшударо ба накша гирифта буд, боздошт намуд. Боздоштшуда ба изолятори муваккатии нигохдори фиристода мешавад.
Муовини раиси кумитаи муковимат ба чинояткории маводи мухаддири ВКД Куандик Алчонов кайд намуд, ки ин як ходисаи ягона нест. Аз аввали сол полис аллакай 52 лабораторияи маводи мухаддирро бархам додааст ва микдори гирифташудаи маводи мухаддири синтетики нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз мохи октябри соли 2021 масъулияти нигохдории маводи мухаддири синтетики сахттар шудааст. Холо барои чунин чиноятхо ба мухлати аз 10 то 15 сол махрум сохтан аз озоди бо мусодираи молу мулк тахдид мекунад.
Аксхо: freepik.com
