Макомоти хифзи хукуки Амрико Луиджи Манчони 26-соларо, ки дар куштори директори Ичроияи Ширкати UnitedHealthcare Брайан Томпсон гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд. Боздошт дар Пенсилвания, 500 километр дуртар аз чои чиноят, шаш руз пас аз фочиа рух дод.

Гумонбар дар яке аз тарабхонахои шабакаи «Макдоналдс» шинохта шуд. Хангоми боздошт дар у як катор ашёхое пайдо шуданд, ки ба эхтимоли даст доштани у ишора мекунанд: никоб, силохи оташфишони худсохт, шаходатномахои калбаки ва дастнависе, ки ба гуфтаи макомот, як манифести Зидди Амрикои корпоративи мебошад.

Луиджи Манчон дар куштори дарачаи якум ва як катор чиноятхои дигар айбдор намуда мешавад.
Брайан Томпсони 50-сола, рохбари бузургтарин ширкати сугуртаи тиббии ИМА, рузи 4 декабр дар Манхеттен аз чониби шахси номаълум дар никоб кушта шуд. Куштор мардумро ба хайрат овард ва дар саросари кишвар чустучухои васеъро ба вучуд овард. Барои хар маълумоте, ки ба боздошти гумонбар мусоидат мекунад, 60 хазор доллар мукофотпули таъин намуда шуд.
Тафтишот идома дорад, кормандони хифзи хукук далелхоро тахлил мекунанд ва ангезахои эхтимолии чиноятро меомузанд. Марги Брайан Томпсон як ходисаи фочиабор буд, ки на танхо ба чахони тичорат, балки ба хазорхо одамони марбут ба ширкати UnitedHealthcare низ таъсир расонид.
Аксхо: dissenter.com ва sg.news.yahoo.com
