Душанбе, 29 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар рӯзҳои аввали Бозиҳои ХХ Осиёӣ-2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон соҳиби ду медали тилло, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ гардиданд, ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қаҳрамон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиёиро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд.
Дар ҳайати варзишгарони ба Ватан баргашта Махсатулло Муъминов, Мирзобек Умаров, Отабек Раҷабов ва Беҳрӯз Хуршедзода қарор доштанд. Онҳо дар рӯзҳои нахустини мусобиқа барои Тоҷикистон натиҷаи назаррас ба даст оварда, дар маҷмуъ чаҳор медал — ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ — ба даст оварданд.
Махсатулло Муъминов аввалин медали Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи карате-до WKF дар вазни то 55 килограмм барои ҷойи сеюм бар намояндаи Индонезия Муҳаммад Тегар Ҷануар бо ҳисоби 8:0 пирӯз шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Пас аз ин Мирзобек Умаров дар мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern MMA дар вазни то 60 килограмм ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Ӯзбекистон Фирдавс Атамуратовро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуда, нахустин медали тиллои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёии имсол ба даст овард. Ин медал ҳафтумин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад.
Отабек Раҷабов низ дар нахустин иштироки санъати муҳорибаҳои омехта дар барномаи Бозиҳои Осиёӣ ба натиҷаи баланд ноил гардид. Ӯ дар вазни то 65 килограмм аз рӯйи барномаи Traditional MMA дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Филиппин Жан Клод Саклагро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуда, соҳиби медали тилло шуд. Медали тиллои Раҷабов ҳаштумин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад.
Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни то 71 килограмм аз рӯйи барномаи Modern MMA ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Ӯ дар марҳилаи нимниҳоӣ баъди баррасии эътирози ҳайати Тоҷикистон ба қарори доварон ба финал роҳ ёфт. Дар рақобати ниҳоӣ Хуршедзода бо намояндаи Қазоқистон Қодирбек Шинбоев нерӯсанҷӣ карда, бо медали нуқра мусобиқаро ҷамъбаст намуд.

Қобили зикр аст, ки санъати муҳорибаҳои омехта бори аввал ба барномаи расмии Бозиҳои Осиёӣ ворид шуда, варзишгарони тоҷик дар нахустин иштироки худ дар ин намуди рақобат бо ду медали тилло ва як медали нуқра натиҷаи назаррас нишон доданд.
Бозгашти қаҳрамонону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ ба Ватан ва истиқболи онҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар баробари арҷгузорӣ ба дастоварди варзишгарон, аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди варзиши касбӣ ва дастгирии намояндагони кишвар дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
