Душанбе, 22 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сафари корӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз участкаҳои калидии истеҳсолӣ, нақлиётӣ ва гидротехникии сохтмон боздид намуданд.

Дар ин сафар Сарвари давлатро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута ҳамроҳӣ намуданд.
Маркази таваҷҷуҳи Президентро системаҳои мураккаби муҳандисии зеризаминӣ ташкил доданд, ки устувории кӯҳҳо ва идоракунии ҷараёни обро таъмин мекунанд.
Нақби нақлиётии № 39 (Т-39): Шоҳроҳи зеризаминӣ бо дарозии 2 192 метр соҳили рост ва қисми поёнии неругоҳро дар сатҳҳои аз 1320 то 1160 метр мепайвандад. Нақби мазкур интиқоли пурраи техникаи вазнин ва таҷҳизотро дар тамоми сол таъмин мекунад. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи нақби болоии обпарто (953 м), ки нақбҳои № 39 ва № 23-ро пайваст мекунад, муаррифӣ гардид.
Обқабулкунаки асосӣ (баландиҳои 1172 ва 1300 м): Системаи сезинагӣ барои гирифтани об ва интиқоли он ба гидроагрегатҳо (барои агрегатҳои № 3 ва № 4 — аз нуқтаи 1152 м, барои дигарон — аз 1172 м) пешбинӣ шудааст. Ин иншоот инчунин кӯҳро аз лағзиш муҳофизат мекунад. То 1 август ба порталҳои воридотӣ 10 367 мукаабметр бетони конструксионӣ хобонида шуд.
Чоҳҳои обқабулкунаки доимӣ (баландии 1300 м): Бунёди маҷмаа бо шаш чоҳи затворҳо ва водоводи алоҳида идома дорад. Дар майдони 2 500 м² 65 ҳазор мукаабметр бетон ва 5,5 ҳазор тонна арматура истифода мешавад (корҳо 33% иҷро шудаанд). Дар ин ҷо беш аз 1500 мутахассиси Корхонаи таҷрибавӣ-механикии шаҳри Норак фаъолият доранд. Дар объект бори аввал техникаи вазнини барқӣ бо фаъолияти то 8 соат бе пурракунӣ ҷорӣ карда шуд.
Конхои № 17 ва нақби сохтмонии ошёнаи чорӯм (СТ-4): Иқтидори суткавии 7 корхонаи коркард дар кони № 17 ба 10–12 ҳазор куб метр ашё расидааст. Нақби СТ-4 бошад, метавонад дар як сония то 3 500 куб метр обро бо фишори то 150 метр гузаронад.

Ҳавзи мавҷгир ва затворҳои СТ-4: Ҷараёни суръатноки обро қабул карда, энергияи онро пеш аз партофтан ба даaryои Вахш коҳиш медиҳад. Идоракуниро 4 затвори радиалӣ бо системаи автоматикунонидашудаи дубликатсияшудаи барқ таъмин менамоянд.
Таҳлилгарони АИ «Корвон Иттилоот» таъкид мекунанд: сохтмони НБО «Роғун» ба марҳилаи васлкунии дақиқи технологию муҳандисӣ ворид гардид.
Муваффақияти корҳои зеризаминӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо (аз ҷумла техникаи экологии барқӣ) сатҳи баланди касбии гидросохтмончиёни тоҷикро исбот намуда, замони ба кор андохтани иқтидорҳои нави неругоҳро наздик месозад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
