Афғонистоншиносӣ дар Тоҷикистон: илм, амният ва мероси Ҳақназар Назаров – ИА Караван Инфо
Афғонистоншиносӣ дар Тоҷикистон: илм, амният ва мероси Ҳақназар Назаров

Душанбе, 29 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 апрел ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба фаъолияти илмӣ-назариявии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шодравон Ҳақназар Назаров, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами Афғонистоншиносӣ дар Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.

Ба кори конфронс саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшоҳ Искандаров ҳусни оғоз бахшид. Дар сухани ифтитоҳии худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид кард, ки устод Ҳақназар Назаров аз аввалин олимони тоҷик буд, ки дар даврони Шуравӣ ба омӯзиши масъалаҳои миллӣ рӯ оварда, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷиконро ба таври амиқ мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки афғонистоншиносӣ танҳо як самти омӯзиши таърихи минтақа нест, балки мавзуи стратегии муҳим низ ба шумор меравад. Он дар таъмини амнияти минтақавӣ, таҳкими сулҳу субот ва пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла тундгароӣ ва хушунат, нақши хос дорад. Дар ин замина ёдовар шуданд, ки тақрибан бист сол қабл Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи роҳҳои таъмини сулҳи минтақа ва таъсиси камарбанди амниятии Афғонистонро матраҳ карда буданд.

Дар баромадҳо таъкид шуд, ки устод Ҳақназар Назаров дар осори илмии худ ба таҳлили равандҳои геополитикӣ ва стратегияи абарқудратҳои ҷаҳон диққати махсус зоҳир намуда, таъсири онҳоро ба вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба баррасӣ кардааст. Ба ҳамин далел, мероси илмии ӯ имрӯз низ барои муҳаққиқон ва таҳлилгарон арзиши амалии баланд дорад.

Дар идомаи конфронс муҳаққиқону коршиносон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба афғонистоншиносиро таҳлил карданд. Мавзуъҳо робитаҳои таърихию фарҳангӣ, равандҳои муосири сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро фаро мегирифтанд.

Дар анҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба миёни олимон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар самти афғонистоншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Акс: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

error: