Душанбе, 04 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 3 июн ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ ширкат намуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД иштирок карданд.
Зимни ҷаласа 13 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои ҳарбӣ, инчунин вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба баррасӣ шуда, дар натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар доираи ин ҷаласа ҳамзамон мулоқоти дуҷонибаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро муҳокима намуда, аз фаъолияти густурдаи вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвари дӯсту бародар изҳори қаноатмандӣ карданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
