Михаил Мишустин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ ба Душанбе омад
Душанбе, 21 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 20 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Русияро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ таҳти раёсати Қоҳир Расулзода баргузор мегардад. Ин нишаст барои баррасии масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай замина фароҳам меорад.
Акс: АМИТ «Ховар».
