Душанбе, 09 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Театри миллии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, марҳилаҳои асосии ташаккули давлатдории муосири тоҷик, оқибатҳои муқовимати шаҳрвандии солҳои аввали истиқлол, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва вазифаҳои стратегии рушди минбаъдаи кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари давлат мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки ин ҷашн барои давлат ва миллат аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Ба таъкиди Пешвои миллат, истиқлолият олитарин рамзи озодӣ, ифодаи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии халқи тоҷик, мояи ифтихору шарафи миллӣ ва яке аз пояҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон мебошад.
Аз буҳрони солҳои аввал то барқарории давлатдорӣ
Қисми муҳими суханронӣ ба арзёбии солҳои аввали истиқлолият бахшида шуд. Ба гуфтаи Президент, ин давра дар хотираи таърихии миллат ҳамчун марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод боқӣ мондааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 1990 кишварро ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ гирифтор намуда, ваҳдати ҷомеа ва ҳатто мавҷудияти давлати миллӣ зери таҳдид қарор гирифт.
Дар чунин шароит Эмомалӣ Раҳмон нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои сарнавишти кишвар тақдирсоз арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, барои давлате, ки дар остонаи нобудӣ қарор дошт, ин иҷлосия марҳилаи гардиши таърихӣ ва яке аз нуқтаҳои оғози бунёди давлати нави миллӣ гардид.
Ҳуҷҷату қарорҳои дар рафти иҷлосия қабулшуда заминаи сиёсиву ҳуқуқиро барои барқарорсозии ниҳодҳои давлатдорӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон фароҳам оварданд.

«Дар он рӯзҳои барои кишвари мо тақдирсоз ман изҳор дошта будам, ки сарзамини бостонии мо — Тоҷикистони маҳбуб — бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо намояд ва барои ин, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ зарур аст», — таъкид намуданд Президент.
Сарвари давлат қатъи оташбас, бозгашти гурезаҳо ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба давлати воҳидро аз муҳимтарин марҳилаҳои раҳоӣ аз паёмадҳои низоъ номиданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳсозӣ эътироф гардид ва имрӯз низ он таҷассумгари иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати халқи тоҷик мебошад.
«Имрӯз бо ифтихор ва эҳсоси қаноатмандии амиқ изҳор менамоям, ки бо такя ба хиради миллӣ ва дастгирии бевоситаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон мо дар назди таърих ва ояндаи миллат бо эҳсоси баланди масъулият ин имтиҳони сахту сангини тақдирро паси сар кардем», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Ниҳодҳои давлатӣ — пояи истиқлолият
Президент дастовардҳои даҳсолаҳои минбаъдаро ба раванди барқарорсозии ниҳодҳои давлатӣ ва сохти конститутсионӣ робитаи бевосита дода, таъкид карданд, ки маҳз дар марҳилаи ташаккули давлати мустақил заминаҳои низоми муосири идоракунӣ ва амният гузошта шуданд.
Ҳамзамон бо барқарор намудани сохти конститутсионӣ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шуда, сохторҳои ҳарбӣ таъсис ва волоияти қонун таҳким ёфт.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити ниҳоят душвор амалан аз сифр Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбиву ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Имрӯз ин ниҳодҳо аз ҷумлаи рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, таъмини амнияти миллӣ ва устувории сиёсӣ замина фароҳам меоранд.

Ба таъкиди Президент, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қабул гардид, аввалин рамзи давлатии Тоҷикистони навин буд. Ҳамон замон, ба гуфтаи ӯ, барои таҳия ва тасдиқи дигар рамзҳои давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар заминаҳои зарурӣ фароҳам омаданд.
Иқтисод ва ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ
Қисми дигари суханронӣ ба дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бахшида шуд. Президент таъкид карданд, ки ҳанӯз дар марҳилаи аввали давлатсозии нав гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва ташкили иқтисоди рақобатпазир ҳамчун шарти муҳими рушди иқтисодӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ муайян гардид.
«Ҳанӯз дар марҳилаи аввали давлатсозии нав мо гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва ташкили иқтисоди рақобатпазирро ҳамчун шартҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ муайян намуда будем», — таъкид карданд Сарвари давлат.

Дар ин замина ба сифати ҳадафҳои стратегии миллӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва суръат бахшидан ба индустриализатсияи кишвар муайян гардиданд.
Тибқи арзёбии Президент, маҳз ҳамин самтҳо дар солҳои минбаъда рӯзномаи иқтисодии кишварро муайян намуда, таҳкими соҳибихтиёриро бо рушди иқтидори истеҳсолӣ, энергетика, инфрасохтор ва соҳаи иҷтимоӣ пайванд доданд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин саҳми соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯстиро дар корҳои ободониву созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони ватандӯсту масъулиятшинос ва шахсони саховатманду хайрхоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободии Ватани маҳбуб изҳори сипос карданд.
Мавқеи байналмилалӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ

Бахши алоҳидаи суханронӣ ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият бахшида шуд.
Президент афзоиши нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи истиқлолияти кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ карда, қабули 20 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро бо ташаббуси Тоҷикистон, ки ҳоло татбиқ мешаванд, намунаи равшани эътирофи давлат ва миллати тоҷик дар ҷаҳон номиданд.
Дар ин замина аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» низ ёдоварӣ шуд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, қабули ин қатънома боз як далели саҳми сулҳофаронаи Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи давлати тоҷикон барои таҳкими ваҳдат ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.
Ҳамин тавр, истиқлолият дар суханронии Президент на танҳо ҳамчун дастоварди дохилии давлат, балки ҳамчун заминаи иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ дар самти сулҳ, ҳамкорӣ ва амният арзёбӣ гардид.

Пешрафти кишвар — натиҷаи сулҳу меҳнати созанда
Дар бахши ҷамъбастӣ Президент дар бораи натиҷаҳои рушди кишвар дар 35 соли истиқлолият сухан гуфта, таъкид карданд, ки дар ин давра дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бунёд гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, иншооти сохташуда барои ҳалли бисёр масъалаҳои аҳолӣ ва тадриҷан беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат кардаанд.
Сарвари давлат тамоми ин пешрафт ва ободониро натиҷаи истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва меҳнати содиқонаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронӣ ба мардуми тоҷик, ки онро халқи дорои фарҳанги баланд ва тамаддунсоз, озодихоҳу ватандӯст, далеру шуҷоъ, сабру таҳаммулпазир, созандаву меҳнатдӯст, қавиирода ва қаҳрамон номиданд, эҳтироми амиқ баён карданд.

Ҳамзамон ба ҳамаи онҳое, ки дар марҳилаи душвори давлатсозӣ дар паҳлуи роҳбарияти кишвар содиқона фаъолият намудаанд, аз ҷумла вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаҳо ва вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ изҳори сипос карда шуд.
Дар ин арзёбии таърихӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ҳамчун санаи ҷашнӣ, балки ҳамчун марҳилаи муҳими муқоисаи роҳи тайшуда муаррифӣ гардид — аз хатари парокандагӣ ва буҳрони амиқ то таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва ташаккули заминаҳои стратегии рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
