Қазоқистон дар Паймони Ҳифзи мероси Осиё нозир шуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар Паймони Ҳифзи мероси Осиё нозир шуд

Ханчжоу, 19 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Қазоқистон дар Паймони Ҳифзи мероси фарҳангии Осиё мақоми давлати нозирро гирифт. Қарор дар ҷаласаи IV Шӯрои Иттифоқ дар Ханчжоу (ҶХХ) қабул намуда шуд. Дар ин бора Муовини вазири фарҳанг ва иттилоот Айбек Сидиков хабар дод.

Дар ҷаласа роҳбарони идораҳои профилии зиёда аз 20 давлат, намояндагони маркази Байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии арзишҳои фарҳангӣ (ИККРОМ) ва паймони Байналмилалии ҳифзи мерос дар минтақаҳои низоъ (АЛИФ) иштирок намуданд. Сидиков се самти ҳамкориро пешниҳод намуд: тайёр намудани мутахассисон ва табодули таҷриба, мониторинги фосилавии ёдгориҳо бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, таҳқиқоти муштараки археологии иншоотҳои роҳи бузурги абрешим.

“Ин мақом барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё дар соҳаи ҳифзи мероси умумии фарҳангӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад” гуфт ноиби вазир.

Сидиков инчунин бо котиби Генералии иҷроияи Иттифоқ Се Бин мулоқот намуд. Вай қарори Қазоқистонро баланд арзёбӣ намуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқ ба созмон дохил мешавад. Ҳайати Қазоқистон дар ифтитоҳи Форуми IV Лянчжу бо иштироки намояндагони ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг), ИККРОМ, АЛИФ ва Созмони давлатҳои иберо-америка иштирок намуд.

Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶҚ