Остона, 10 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Қазоқистон ва Фонди Иқлими Сабз (ФИС) созишнома дар бораи таъсиси платформаи Сармоягузории иқлими кишвар QCIP (Qazaqstan Climate Investment Platform, Қазоқистон Клаймит Инвестмент Платформаҳо) дар доираи барномаи GCF Readiness III (Джи – Си-Эф Рэднес Три) ба имзо расониданд. Арзиши лоиҳа аз 1 миллион доллар зиёд аст.

Созишномаро раиси раёсати маркази Байналмилалии технологияҳои сабз ва лоиҳаҳои сармоягузории IGTIC (Ай-Джи-Ти-Ай-Си) Сакен Калкаманов ва директори минтақавии ФИС Томас Эриксон бо иштироки муовини вазири экология ва захираҳои табиии ҶҚ Нуркен Шарбиев имзо намуданд.
QCIP (КюСиАйПи) механизми миллии омодасозии лоиҳаҳои иқлимӣ барои маблағгузорӣ хоҳад буд. Платформа мақомоти давлатӣ, ташаббускорони лоиҳаҳо, бонкҳо ва шарикони байналмилалиро, аз ҷумла Бонки Рушди Қазоқистонро муттаҳид мекунад.
“Таъсиси платформа имкон медиҳад, ки аз ташаббусҳои алоҳида ба ташаккули системавии лоиҳаҳои иқлими тайёри сармоягузорӣ гузарем”, – қайд намуд раиси раесати IGTIC (Ай-Джи-Ти-Ай-Си) Сакен Калкаманов.
Котиботи платформа дар асоси IGTIC (Ай-Джи-Ти-Ай-Си) ҷойгир намуда мешавад. Кумитаи роҳбарикунанда таҳти раёсати Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ корҳоро бо сохторҳои давлатӣ ва институтҳои молиявӣ ҳамоҳанг хоҳад намуд.
QCIP инчунин воситаи татбиқи саҳми навшудаи Миллии Муайяншудаи Қазоқистон хоҳад буд ва имкон медиҳад, ки портфели устувори лоиҳаҳо барои ҷалби маблағгузории иқлим ташкил намуда шавад.
Аксҳо: Фонди Иқлими Сабз
